Мард ва Фаришта.
Рўзе марде хоби ачибе дид.
Дид ки дар олами фариштагон аст ва ба
корхои онхо нигох мекунад. хангоми
вуруд як гурўх фариштагонро дид, ки
сахт машғули кор хастанд. Номахои
зиёдеро ки пайкхо аз замин ба ончо овардаанд мураттаб мекунанду дохили
куттихои махсус мегузоранд. Мард аз
фариштае пурсид шумо чи кор
мекунед? Фаришта дар холе ки
номахоро чобачо мекарда гуфт: инчо
кабулгох аст ва мо дуохову талабхои мардум аз худоро кабул мекунем.
Мард пештар рафту ба куттихо нигох
кард. Дид руи онхо талабхо навишта
шудааст. Нигохе ба талабхои инсонхо
андохту хайрон шуд.
Имонталаб. Фарзандталаб.
Сарватталаб.
кудратталаб.
Шифоталаб.
Чашмталаб.
Оби дахонталаб. Пешобталаб.
Мадфуъталаб.
Мард хайрон монду хеле фикр кард.
Фикр кард, ки охир наход мардум ин
чизхоро талаб кунанд? Пешоб чӣ
даркор бошад барои инсонхо? Оби дахону мадфуъ хамачои заминро пур кардаанд , пас чи лозиманд барои инсон? харчи фикр кард натавонист чавобе пайдо кунад. Бинобарин аз фариштае, ки дар ончо машғули кор буд пурсид: инхо хамаашон дархости инсонхо хастанд?
Фаришта чавб дод бале албатта.
Мард дубора пурсид: шумо намедонед
мадфуъ ва пешобро барои чӣ мехоханд?
Фаришта чавоб дод: шумо то хол аз ин неъматхо истифода накардаед? Мард бо
таачуб гуфт инхо чигуна неъматанд?
Фаришта гўфт: медонед шумо инсонхо
аз неъматхои офаридгоратон хамеша
истифода мекунед, вале кадрашонро
намедонед. Шумо боре фикр намекунед, ки чӣ неъматхои гаронбахое дар ихтиёри шумост. Барои мисол хамин пешоб ва мадфуъ дар чои худашон бузургтарин неъмат хастанд.
Охир шумо фикр кунед, ки агар тамоми
он неъматхои лаззатбахше, ки шумо мехуред хорич нашаванд шумо чӣ кор
хохед кард? Чӣ кадар тахаммул хохед
кард? Агар хурдахоятон ба мадфуъ ва
пешоб табдил нашванду хорич
нашаванд, чӣ балое ба саратон меояд?
Шумо намедонед, вале баъзехое аз шумо инсонхо хастанд, ки аз анна
хамин неъматхо махрум шудаанду аз
худо онро талаб доранд. Бале дустам
анна хамон чизе, ки аз назари шумо
бадтарин чиз аст неъмати бузургест, ки
худованди хаким онро бароятон арзонӣ доштааст.
Мард гаранг шуда буд. Намедонист чӣ
бигуяд. Наметавонист бовар кунад, ки
ин чизхои пасту беарзиш ин кадар
мухим бошанд. Ғарки ин афкор аз
назди он фаришта гузашт. Ногох гурўхи дигаре аз фариштагон, ки
сахт кушиш мекарданду дар такопу
буданд уро ба худ оварданд. Ба назди
онхо рафту пурсид:
Шумо чикор мекунед? Яке аз онхо ки тез
тез номахоеро ба пайкхо медод чавоб дод: инчо бахши ирсол аст. Мо алтофу
рахматхои илохиро ба замин барои
инсонхо мефиристем.
Аммо фикри он мард боз хам ба
суханони фариштаи каблӣ банд буд. Бо
худ мегуфт худоё чи кудрату хикмате дори ту. Чи кадар хубу мехрубони нисбат
ба мо. Дар ин хангом чашмаш ба
фариштае афтод ки дар як гуша бекор
нишаста буд. Ба назди ў рафту аз ў
пурсид:
Шумо чаро бекор нишастаед? Магар кор надоред?
Фаришта чавоб дод:
Инчо бахши тасдик аст. Ҷое аст, ки
вакте инсонхо чавобашонро мегиранд
бояд номае ирсол кунанд, ки ман
тасдик намоям ва барои ичрои талабхои баъдиашон ба кабулгох
бифиристам. Аммо мутаассифона хеле
кам ба ин бахш чавоб меояд.
Мард пурсид ба шумо чигуна бояд чавоб
диханд?
Фаришта гўфт бисёр сода. Факат вакте дуояшон кабул шуд бигўянд худоё
шукрат ва ман онро тасдик намоям.
Хонандаи азиз! холо ба худат фикр кун.
Ба неъматхое ки дар ихтиёр дорӣ. Ба
амалхое ки анчом медихӣ. Оё шукри
чунин неъматхои боарзишу фаровонро ба чо меоваред?
Оё боре фикр кардаи ки хамин оби
дахони беарзишат чи неъмати бузурге
аст?
Оё фикр кардаи ки саломатиат чӣ
неъмате аст? Оё медони акл ва хиради ту чӣ неъматхои бебахое хастанд?
Оё фикр кардаи хобиданат чӣ неъмате
аст?
Оре дусти хубам худованд тамоми ин
неъматхоро ба мо додаст ва аз мо чизе намехохад чуз рафтан ба рохи дуруст.
Ҷуз ташаккур ва кадрдонии осон.
Аммо мо чик ор мекунем?
Оё метавонем шукри ин хама
неъматхоро ба чо биорем?
Оё метавонем яке аз ин неъматхоро ба каси дигар ба осонӣ хадя кунем?
Худоё шукрат ва хазорон мартаба
шукрат барои хамаи неъматхоят ва
хазорон дуруд туро барои бехтарин хикматхоят.
@Kitobi_Ishk

Чавондухтари ятим.
Ҷавондухтари ятиме, ки ғайр аз модараш касе
надошт, шавҳар кард. Бадбахтона, шавҳараш
ниҳоят марди дуруштхӯй буд ва дар ҳаққаш
хеле зулму ситам мекард. На танҳо шавҳараш,
ҳатто аҳли оилааш низ бо ӯ муомилаи бад
мекарданд, шабу рӯз мисли хидматгор кор
мефармуданд, вале бо вуҷуди он дашному
азияти зиёд мекарданд, баъзан ҳатто
мезаданд. Зани бечора аз ночорӣ ба модараш
шикоят мекард, вале модараш ягона кӯмаке,
ки аз дасташ меомад, ҳамроҳ гиря кардан буду
халос.
Ба ҳамин ҳол даҳ сол гузашт. Муносибати
шавҳараш ва аҳли шавҳараш бадтар шуда буд.
Рӯзе модари он зани ситамдида бемори
вазнин шуд ва эҳсос кард, ки маргаш наздик
аст. Зан гиря карду гуфт:
- Ягона шахсе, ки маро дилбардорӣ мекардӣ,
пас ман чӣ кор кунам?
Модар гуфт:
- Агар пас аз марги ман дилат танг гардад, ба
хонаам биё, ракъате чанд намоз бихон ва
ҳангоми саҷда дарди дилатро ба Аллоҳ гӯй.
Модар аз олам чашм пӯшид. Пас аз гӯру чӯби
модар, ягона шахси тасаллидиҳанда зан гӯё
дар олам танҳо монд. Дигар касе намонда буд,
ки дил холӣ кунад, аз ҳоли бадаш шикоят
кунад. Аз рӯи васияти модараш ҳафтае як ё ду
маротиба ба хонаи модар меомад, намоз
мехонд ва ба Аллоҳ Таъоло рози дил мегуфт.
Чун як моҳ бо ин минвол гузашт, аҳли
хонаводаи шавҳараш ин равуои ӯро пай
бурданд ва ба шавҳараш гуфтанд:
- Ҳамсарат ҳафтае як - ду маротиба ба хонаи
модараш меравад, дар ҳоле, ки он ҷо касе
зиндагӣ намекунад, ғамгин меравад, вале шоду
табассумкунон бармегардад. Ҳатман, бо касе
вомехӯрад, ба ту хиёнат карда истодааст.
Шавҳар аз ин суханон дарғазаб шуд ва қарор
кард, ки ҳамсарашро ҳангоми хиёнат дастгир
кунад. Рӯзе, ки ҳамсараш ба хонаи модар
рафт, оҳиста аз қафояш рафт. Дид, ки
ҳамсараш таҳорат карда, ба намоз оғоз кард,
саҷдаи дурудароз мекунад. Бесадо наздик шуд,
шунид, ки дар саҷда гиря мекунад ва мегӯяд:
- Парвардигоро, шавҳарамро ҳидоят кун. Аҳли
оилаашро ҳидоят кун. Онҳо маро азият
медиҳанд. Парвардигоро, ба қалби шавҳарам
раҳм андоз, меҳр андоз. Ман ӯро дӯст
медорам, вале ӯ ба ман танҳо дарду ранҷ
мерасонад. Ҳеҷ гоҳ аз ӯ сухани пурмеҳру
муҳаббат нашунидаам. Ман ӯро мебахшам,
Парвардигоро ту ҳам ӯро бахш.
Аз ин суханон шавҳар ба гиря оғоз кард, зуд
рафта, ҳамсарашро ба оғӯш кашид, аз ӯ узру
бахшиш пурсид ва ваъда дод, ки дигар зулм
нахоҳад кард.
Ҳамон шаб зан дар хоб дид, ки шахсе мегӯяд:
- Наздиктарин инсон бароят модарат буд, ба ӯ
даҳ сол шикоят кардӣ, вале ӯ ба ту натавонист
кӯмаке намояд. Ҳамагӣ як моҳ ба Аллоҳ
Таъоло шикоят кардӣ, Аллоҳ дуоятро қабул ва
мустаҷоб кард ва ҳолатро ба беҳтарин ҳол
тағйир дод. Бидон, ки раҳмати Аллоҳ аз раҳми
модар нисбат ба фарзандаш наздиктар аст!
Субҳоналлоҳ, ки бо як дуо ҳолати бандаашро
тағйир медиҳад!
Субҳоналлоҳ, ки ба мо аз модаронамон
меҳрубонтару наздиктар аст!

Туй ба марг табдил ёфт.
Зулайхо дар истгох бо дугонааш ки фардо туйи аруси дошт, хеле сухбат карду баьд уро ба мошини такси шинонда худаш ба хонаашон рафт.Аммо хангоми хайрухуш Лола ким чи хел гамгинона ба у гуфт ки медони Зулайхо шаб очама хоб дидам.Очам рахмати дар дасташ як суфи сафед ба сари ман партофту гуфт ки духтарам акнун зик намешавам ва хонаамон даромада рафт.Аз хобам тарсида бедор шудам.
- Э ту хам ба хоб бовар мекуни дугона.Ин хобата ба об гуй.
- Гуфтам ба об.Аммо дилам норохат.
- Хайр охир арус мешави.Хонаи тамоман одами бегона мерави.
- Ман хурсандам ки бо Насим якчоя мешавам.
Зулайхо рох ба рох дар бораи дугонаи наздикаш фикр карда зери лаб гуфт ки кош Лола бо бахт шавад.Соли гузашта модараш аз касалии саратон вафот карда буд.Лола баьди марги модар тамоман хаели гашта бо касе гап намезад.Дар хаеташ Насим пайдо шуду каме ин духтараки хоксор ба худ омад.Насим писари холаи Зулайхо буд.Вакте ки холааш келинкоби даромад , у гуфт ки холачон ман як дугона дорам , бисер духтари хубу худотарс аст.Насим бо як дидан ошики шайдои Лола шуду Лола ошики у.Харду муносиби хам буданд.
Пагох туй аст.Зулайхо дугонаи арус.Хамин вакт ба еди Зулайхо расид ки куртаи арусии уро дугонаашро бояд аз магозаи кироя рафта бигирад.Аммо нишонии магозаро дуруст намедонист.Барои хамин у ба Лола занг зад.Гуширо касе гирифт.Садои хаехуй овози мошин доду вой шунида шуд.Зулайхо бо тамоми овоз Ало гуфт.
Гуширо боз касе кушт.Дили Зулайхо тах зад.Суханони Лола дар бораи хоби дидааш ба хотираш расиданд.Боз занг зад.Аммо ин навбат гуши хомуш буд.Ба Насим занг зад.Бо Насим ба чустучуйи Лола баромаданд.Лоларо бо часади нимсухтаву вахшатнокаш аз морги беморхонаи махаллаи Советскийи шахр ефтанд.Мошини кирояи шиштааш дар рохи самти Саховат ба садама дучор мешаваду дар натича 3 нафар мусофирон ба халокат мерасанд.Ронанда дар холати вазнин карор дошт.
Лолаи аруси нодидаро ба хоки сард супориданд.Насим мисли навшаххо либос пушида омаду худро болои тобут партофта гуфт ки эй бевафо маро партофти рафти як руз пеш аз туй.
Зулайхо хоби дидаи уро андеша карда гуфт ки одамизод байни олами фони ва гайб карор дорад.
Рухаш шод бод аруси аруси нодидаро Омин
📖Китоби Ишқ📖

Асалому Алайкум Ва рахматуллoҳи Ва баракатуҳу Азизон ♥
Эй одами, андеша кун дар қабр пурсанд аз амал,
Кори накуй пеша кун, дар қабр пурсанд аз амал.
Дунёст ин доруламал, исён ба тоат кун бадал,
Дар вай макун як дам аҷал, дар қабр пурсанд аз амал.
Мардум ба ғафлат хуфтаанд, зикраш ба дил кай куфтаанд,
Ғафлат ба дил бинҳуфтаанд, дар қабр пурсанд аз амал.
Гур аст танҳо хонае, бошад яке вайронае,
На хушу на бегонае, дар қабр пурсанд аз амал.
Хобӣ дар он ҷо солҳо, дар вай бирӯяд хорҳо,
Хасрат бари бисёрҳо, дар қабр пурсанд аз амал.
Бошад гузори мардумон, созад лагад дар ҳар замон,
Кай ёбияш як дам амон, дар қабр пурсанд аз амал.
Ҳастанд туро фарзанду зан дар роҳи хайрат роҳзан,
Аз макри эшон дам мазан, дар қабр пурсанд аз амал.
Гар оқили, андеша кун, хайру саховат пеша кун,
Ҳар дам ту тоат пеша кун, дар қабр пурсанд аз амал.
Онҳо, ки рафтанд аз ҷаҳон, гашта ҷудо аз хонумон,
Не ном монду не нишон, дар қабр пурсанд аз амал.
Дорӣ, Ҳузурӣ, , гуфтугӯ, афтодаи дар ҷустуҷӯ,
Шабҳо махусб Аллоҳ гӯ, дар қабр пурсанд аз амал....

АЗОБИ КАБР ХАК АСТ
Қабр ҳар руз панҷ маротиба инсонро садо
мезанад:
Ман хонаи фақр ҳастам, бо худ "ганҷ"
биоваред.
Ман хонаи тарс ҳастам, бо худ "анис"
биоваред.
Ман хонаи морҳо ва каждумҳо ҳастам, бо
худ "заҳр" биоваред.
Ман хонаи торикиҳо ҳастам, бо худ
"рушноӣ" биоваред.
Ман хонаи регҳо ва хокҳо ҳастам, бо худ
"гилему қолин" биоваред.
------------------------------
Ганҷ - Ла илаҳа иллаллоҳ.
Анис - Тиловати Қуръон.
Заҳр - Садақа ва корҳои хайр.
Рушноӣ - Намоз ва Намози шаб.
Гилему қолин - Амалҳои солеҳ.
@Kitobi_Ishk
Қабр ҳар руз панҷ маротиба инсонро садо
мезанад:
Ман хонаи фақр ҳастам, бо худ "ганҷ"
биоваред.
Ман хонаи тарс ҳастам, бо худ "анис"
биоваред.
Ман хонаи морҳо ва каждумҳо ҳастам, бо
худ "заҳр" биоваред.
Ман хонаи торикиҳо ҳастам, бо худ
"рушноӣ" биоваред.
Ман хонаи регҳо ва хокҳо ҳастам, бо худ
"гилему қолин" биоваред.
------------------------------
Ганҷ - Ла илаҳа иллаллоҳ.
Анис - Тиловати Қуръон.
Заҳр - Садақа ва корҳои хайр.
Рушноӣ - Намоз ва Намози шаб.
Гилему қолин - Амалҳои солеҳ.
@Kitobi_Ishk
ОЁ МО ДАР КИЁМАТ ЯКДИГАРРО ДИДА МЕТАВОНЕМ?? Худованд дар Куръон дар сураи Ъабаса оятхои 34-35-36 мефармояд: « Рузе мешавад,ки мард аз бародари худ мегурезад ва модараш ва падараш аз якдигар мегурезанд ва хамсару писарони мо аз мо мегурезанд». ШАРХ: Яъне дар рузи киёмат мо якдигарроо намебинем,балки аз якдигар мегурезем. Хатто модари гамхор аз фарзанди шириаш мегурезад. Вакте ки падар бародарашро мебинад, пас дархол аз у дур мешавад ва мегурезад. Зан ва шавхар яз ядигар мегурезанд. ЧАРО АЗ ЯКДИГАР МЕГУРЕЗАНД??? Агар дар рузи киёмат модар ба фарзанди худ ру ба ру шавад,пас дархол аз фарзандаш савоб талаб мекунад, то ин ки савобаш зиёд шавад ва дохили чаннат гардад. Дар он рузи сахт барои хама савоб лозим аст, аз ин хотир фарзандхо аз модархои худ мегурезанд, то ин ки савобхояшонро нагиранд. Хулоса, зану мард ва бародарону хохарон ба якдигар ру ба ру намешаванд. пас агар чунин бошад, Эй азизи дилам!!! Биё бо хам дуст бошем ва кахригиро як чониб бигузорем,зеро ин фурсате мебошад,ки дар ин дунё барои хамаи мо ганимат аст.Он руз ончунон рузе сахте мебошад,ки хатто хеч дустдоштае ва хеч рафике ба ту ёри намерасонад. Пас дусти ва риштаи мухаббати хешро канда накунед, балки дар хама пастива баландихои зиндаги ва дар тамоми гаму шодии якдигар дастгир бошед. Хатто Пайгамбар (с) мегуяд: «Он руз чунон рузе сахте мебошад,ки вакте ки шуморо аз кабрхо мехезонанд, пас баданхои шумо луч хастанд,яъне бе либос аз кабрхо мехезед». Оиша (р) аз Пайгамбар (с) пурсид: эй Пайгамбар! Дар он руз вакте ки зану мард хама бе либос мехезанд,пас оё мардхо ба суи занхо назар намекунанд?? Ва оё ин кори шарм нест?? Пайгамбар (с) гуфт: эй Оиша! Он руз ончунон рузи сахте мебошад,ки хатто баданхои лучатон ба ёдатон намезанд ва ё дар фикри шумо шахвату лаззати занхо намемонад. Яъне аз хама чиз фаромуш мекунед ва хама дар фикри чони худ мешавад. Мо падару модари хешро ва якдигарро хамон вакте дида метавонем, агар дохили чаннат шавем. Агар чунин бошад,пас чаро бо хам кахриги мекунем?? Чаро якдигарро дуст намедорем?? Чаро ба кадри якдигар намерасем?? Дар охир ба хамаи шумо начоти охиратро таманно дорам. Худо нигахбонатон!
@Kitobi_Ishk
@Kitobi_Ishk
ТУ АЗ ЧИ ХАБАР ДОРИ?
Оё ту аз азоби Мункар ва Накир хабар дори? Пас Худо ва Расули уро бишнос то у туро дар ончо аз азоби онхо рахонат!!! Оё ту аз мори курайш хабар дори ? Пас ту танхо аввал ба Худованд бовар дошта бош ва пасон ба бандаи дустдори у !!! Оё ту бандаи дустдори Худоро медони? Пас кушиш намо то хамон банда худ боши ва дигаронро ба ин рох водор куни !!! Оё ту дар зиндаги боре фикр мекуни ки Худованд инсонро барои чи офарид??? Пас ба бузургон мурочиат намо то камехам бошад туро аз ин хабардор созанд!!! Оё ту ба дине ки хамаро ба рохи нек мебарад эътимод дори??? Пас панч вакт намоз ва рузаи мохи рамазонро казо макун!!! Оё медони намоз чист??? Пас ба оне ки медонад гуш дех намоз калиди кушояндаи чанат ва алокаи банда ба Худованди Яктост танхо бо хамин таъзия Худо бандаашро меписандат ва гуноххои бандаашро авф мекунад!!! Оё медони рузаи мохи рамазон чист??? Пас диккат андоз рузаи мохи рамазон рузаест, ки дар хамин мохи бузург Худованд бисёри гуноххои бандаашро мебахшад ва уро ба чанат рох медихад яъне рузаи мохи шарифи рамазон расонандаи банда ба чанат аст!!! Рамазон Хадяест аз чониби Худо. Мохи рамазон мохи нузули Куръон аст. Ин мохро мохи покизагардонии руху чон мегуянд, рамазон мохи хушнудгардонии Рахмон ва мохи шикандаи комати шайтон аст. Мохест, ки миёни 11 - мохи сол монанди Юсуф алайхиссалом дар байни бародаронаш аст. Якуъб (а) дувоздах писар доштанд миёни писаронашон Юсуф (а) аз хама зеботару махбубтар буд, рамазон низ махбубтарин ва дустдоштатаринии моххо дар назди Парвардигор аст. Агар мо ин мохро ба ихлосу мухаббат руза дорем ва дар ин мох бандагии Худоро бо ихлосу мухаббат ба чо орем, метавонем ёздах мох камбудихои хешро ислох кунем. Зеро Мухаммад (саллаллоху аълахй ва саллам) фармудаанд: "Касе мохи рамазонро ба покй руза дорад ва ба имону ихлос ибодат кунад, Парвардигор гунохони гузаштаи уро магфират мешавад.