Ояти Қуръон ©️
75 subscribers
1 link
@Ahli_Sunnat_bosh_bot - тамос бо админ

وَقُلْ جَاء الْحَقُّ وَزَهَقَ الْبَاطِلُ إِنَّ الْبَاطِلَ كَانَ زَهُوقًا

Ва бигӯ: «(Дини) ҳақ омад ва (дини) ботил нобуд шуд; ба дурустӣ ки ботил нобудшаванда аст».

📖 Сураи Исро (17) ояти 81
Download Telegram
Юнус, ояти 108 (10:108)
t.me/Oyati_Quron
قُلْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدْ جَآءَكُمُ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكُمْ ۖ فَمَنِ ٱهْتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهْتَدِى لِنَفْسِهِۦ ۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيْهَا ۖ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيْكُم بِوَكِيلٍۢ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٨﴾

Бигӯ: «Эй мардумон, ба дурустӣ ки аз Парвардигоратон ба шумо ваҳйи рост омадааст; пас ҳар ки роҳ ёфт, ҷуз он нест, ки барои худ роҳ ёфт; ва ҳар ки гумроҳ шуд, ҷуз ин нест, ки ба зиёни худ гумроҳ мешавад; ва ман бар шумо нигоҳбон нестам».

(10:108)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 109 (10:109)
t.me/Oyati_Quron
وَٱتَّبِعْ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيْكَ وَٱصْبِرْ حَتَّىٰ يَحْكُمَ ٱللَّهُ ۚ وَهُوَ خَيْرُ ٱلْحَٰكِمِينَ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٩﴾

Ва чизеро пайравӣ кун, (Мухотаб Муҳаммад ﷺ аст) ки ба тариқи ваҳй ба ту фиристодем; ва шикебоӣ кун, то он ки Аллоҳ файсала кунад; ва Ӯ Беҳтарини файсалакунандагон аст.

(10:109)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
📌 Сураи Ҳуд (11)
Ҳуд, ояти 1 (11:1)
t.me/Oyati_Quron
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓر ۚ كِتَٰبٌ أُحْكِمَتْ ءَايَٰتُهُۥ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِن لَّدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ
﴿هُودٍ؜ ١﴾

Ба номи Аллоҳи бахшоянда ва меҳрубон. Алиф. Лом. Ро. Ин Китобест омада аз наздики (Аллоҳи) Дурусткори Хабардор, ки оёти он устувор ва сипас возеҳ карда шудааст,

(11:1)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 2 (11:2)
t.me/Oyati_Quron
أَلَّا تَعْبُدُوٓا۟ إِلَّا ٱللَّهَ ۚ إِنَّنِى لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌۭ وَبَشِيرٌۭ
﴿هُودٍ؜ ٢﴾

ба он (мазмун), ки (пайғамбар гӯяд:) «Ба ҷуз Аллоҳ [касеро] ибодат накунед. Ба дурустӣ ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо бимкунанда ва башоратдиҳанда ҳастам.

(11:2)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 3 (11:3)
t.me/Oyati_Quron
وَأَنِ ٱسْتَغْفِرُوا۟ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُوٓا۟ إِلَيْهِ يُمَتِّعْكُم مَّتَٰعًا حَسَنًا إِلَىٰٓ أَجَلٍۢ مُّسَمًّۭى وَيُؤْتِ كُلَّ ذِى فَضْلٍۢ فَضْلَهُۥ ۖ وَإِن تَوَلَّوْا۟ فَإِنِّىٓ أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍۢ كَبِيرٍ
﴿هُودٍ؜ ٣﴾

Ва он, ки аз Парвардигори худ омурзиш талаб кунед, сипас ба сӯи Вай руҷӯъ кунед, то шуморо ба баҳраи нек – то вақти маълум – баҳраманд созад ва то ба ҳар соҳиби бузургӣ ҷазои бузургии ӯро бидиҳад. Ва агар рӯгардон шавед, пас, ҳамоно ман бар шумо аз азоби рӯзи бузург метарсам.

(11:3)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 4 (11:4)
t.me/Oyati_Quron
إِلَى ٱللَّهِ مَرْجِعُكُمْ ۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍۢ قَدِيرٌ
﴿هُودٍ؜ ٤﴾

Бозгашти шумо ба сӯи Аллоҳ аст. Ва Ӯ бар ҳар чиз Тавоно аст».

(11:4)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 5 (11:5)
t.me/Oyati_Quron
أَلَآ إِنَّهُمْ يَثْنُونَ صُدُورَهُمْ لِيَسْتَخْفُوا۟ مِنْهُ ۚ أَلَا حِينَ يَسْتَغْشُونَ ثِيَابَهُمْ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ ۚ إِنَّهُۥ عَلِيمٌۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ
﴿هُودٍ؜ ٥﴾

Огоҳ бош, ин кофирон синаҳои худро мепечанд: (Яъне: рӯй мегардонанд) мехоҳанд, ки аз Аллоҳ пинҳон шаванд. Огоҳ бош, чун ҷомаҳои худро бар сар мекунанд, он чиро, ки пинҳон медоранд ва он чиро, ки ошкор мекунанд, Аллоҳ медонад. Ба дурустӣ ки Ӯ ба сирри синаҳо Доно аст. (Метавон гуфт: печидани синаҳо иборат аз он аст, ки фикрҳои нодуруст кунад ва ба шубҳаҳои бебунёд дили худро итминон диҳад ва ақидаҳои ҳақиқиро фаромӯш созад; зеро ки «судур» ин ҷо ба маънои «улуми садр» омадааст)

(11:5)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 6 (11:6)
t.me/Oyati_Quron
۞ وَمَا مِن دَآبَّةٍۢ فِى ٱلْأَرْضِ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِ رِزْقُهَا وَيَعْلَمُ مُسْتَقَرَّهَا وَمُسْتَوْدَعَهَا ۚ كُلٌّۭ فِى كِتَٰبٍۢ مُّبِينٍۢ
﴿هُودٍ؜ ٦﴾

Ва ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар он ки рӯзии ӯ бар Аллоҳ аст ва ҷои мондани ӯ ва ҷои нигоҳ доштани ӯро медонад; («Муставдиъ» – ҷое аст, ки шахс ба ғайри ихтиёр он ҷо нигоҳ дошта мешавад, монанди камари падар ва раҳми модар; ва «мустақарр» ҷое аст, ки ба ихтиёри худ он ҷо мемонад, – мисли хона) ҳар як дар Китоби Равшан (Яъне: Лавҳи Маҳфуз) аст.

(11:6)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 7 (11:7)
t.me/Oyati_Quron
وَهُوَ ٱلَّذِى خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضَ فِى سِتَّةِ أَيَّامٍۢ وَكَانَ عَرْشُهُۥ عَلَى ٱلْمَآءِ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلًۭا ۗ وَلَئِن قُلْتَ إِنَّكُم مَّبْعُوثُونَ مِنۢ بَعْدِ ٱلْمَوْتِ لَيَقُولَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓا۟ إِنْ هَٰذَآ إِلَّا سِحْرٌۭ مُّبِينٌۭ
﴿هُودٍ؜ ٧﴾

Ва Ӯ Он аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва Арши Ӯ бар об буд; то (охири кор) шуморо биозмояд, ки кадом кас аз шумо аз ҷиҳати амал некӯтар аст. Ва агар гӯӣ: «Ба дурустӣ ки шумо баъд аз марг барангехта мешавед» – кофирон гӯянд: «Ин сухан ба ҷуз ҷодуи зоҳир чизе нест».

(11:7)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 8 (11:8)
t.me/Oyati_Quron
وَلَئِنْ أَخَّرْنَا عَنْهُمُ ٱلْعَذَابَ إِلَىٰٓ أُمَّةٍۢ مَّعْدُودَةٍۢ لَّيَقُولُنَّ مَا يَحْبِسُهُۥٓ ۗ أَلَا يَوْمَ يَأْتِيهِمْ لَيْسَ مَصْرُوفًا عَنْهُمْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُوا۟ بِهِۦ يَسْتَهْزِءُونَ
﴿هُودٍ؜ ٨﴾

Ва агар азобро то муддати шумурдашуда аз онҳо боздорем, албатта, гӯянд: «Чӣ чиз онро бозмедорад?» Огоҳ бош, рӯзе, ки ба онҳо биёяд, аз онҳо боздошташуда набошад ва он чи, ки ба он истеҳзо мекарданд, онҳоро фаро мегирад.

(11:8)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 9 (11:9)
t.me/Oyati_Quron
وَلَئِنْ أَذَقْنَا ٱلْإِنسَٰنَ مِنَّا رَحْمَةًۭ ثُمَّ نَزَعْنَٰهَا مِنْهُ إِنَّهُۥ لَيَـُٔوسٌۭ كَفُورٌۭ
﴿هُودٍ؜ ٩﴾

Ва агар одамиро аз наздики худ неъмате бичашонем, сипас, онро аз вай баргирем, ба дурустӣ ки вай ноумеду носипос аст.

(11:9)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 10 (11:10)
t.me/Oyati_Quron
وَلَئِنْ أَذَقْنَٰهُ نَعْمَآءَ بَعْدَ ضَرَّآءَ مَسَّتْهُ لَيَقُولَنَّ ذَهَبَ ٱلسَّيِّـَٔاتُ عَنِّىٓ ۚ إِنَّهُۥ لَفَرِحٌۭ فَخُورٌ
﴿هُودٍ؜ ١٠﴾

Ва агар одамиро баъди сахтие, ки ба вай расида бошад, рафоҳияте бичашонем, албатта, гӯяд: «Сахтиҳо аз ман бирафтанд». Ба дурустӣ ки вай шодмону худситоянда аст.

(11:10)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 11 (11:11)
t.me/Oyati_Quron
إِلَّا ٱلَّذِينَ صَبَرُوا۟ وَعَمِلُوا۟ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أُو۟لَٰٓئِكَ لَهُم مَّغْفِرَةٌۭ وَأَجْرٌۭ كَبِيرٌۭ
﴿هُودٍ؜ ١١﴾

Магар онон, ки шикебоӣ намуданд ва корҳои шоиста карданд: барои ин ҷамоа омурзиш ва музди бузург аст.

(11:11)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 12 (11:12)
t.me/Oyati_Quron
فَلَعَلَّكَ تَارِكٌۢ بَعْضَ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيْكَ وَضَآئِقٌۢ بِهِۦ صَدْرُكَ أَن يَقُولُوا۟ لَوْلَآ أُنزِلَ عَلَيْهِ كَنزٌ أَوْ جَآءَ مَعَهُۥ مَلَكٌ ۚ إِنَّمَآ أَنتَ نَذِيرٌۭ ۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَىْءٍۢ وَكِيلٌ
﴿هُودٍ؜ ١٢﴾

Пас, шояд ту баъзеи он чиро, ки ба сӯи ту ваҳй фиристода мешавад, тарк кунӣ ва ба он синаи ту танг мешавад (Яъне: тарк макун ва тангдил машав) – аз ҷиҳати он, ки мегӯянд: «Чаро бар вай ганҷе фуруд оварда нашуд?» Ё: «Чаро ҳамроҳи ӯ фариштае наомад?» Ҷуз ин нест, ки ту бимкунанда ҳастӣ ва Аллоҳ бар ҳар чиз Нигаҳбон аст.

(11:12)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 13 (11:13)
t.me/Oyati_Quron
أَمْ يَقُولُونَ ٱفْتَرَىٰهُ ۖ قُلْ فَأْتُوا۟ بِعَشْرِ سُوَرٍۢ مِّثْلِهِۦ مُفْتَرَيَٰتٍۢ وَٱدْعُوا۟ مَنِ ٱسْتَطَعْتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمْ صَٰدِقِينَ
﴿هُودٍ؜ ١٣﴾

Оё мегӯянд: «Қуръонро барбастааст»? Бигӯ: «Агар ростгӯ ҳастед, пас, даҳ сураи барбофта монанди инро биёред ва ба ҷуз Аллоҳ ҳар киро тавонед, бихонед». (Дар ин мубориза нахуст талаби даҳ сура воқеъ шуд ва чун аз он оҷиз шуданд, ба як сура талаб фармуд)

(11:13)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 14 (11:14)
t.me/Oyati_Quron
فَإِلَّمْ يَسْتَجِيبُوا۟ لَكُمْ فَٱعْلَمُوٓا۟ أَنَّمَآ أُنزِلَ بِعِلْمِ ٱللَّهِ وَأَن لَّآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ فَهَلْ أَنتُم مُّسْلِمُونَ
﴿هُودٍ؜ ١٤﴾

Пас, агар (он кофирон) сухани шуморо қабул накунанд, бидонед, ки Қуръон ба илми Аллоҳ нозил карда шудааст ва бидонед, ки ба ҷуз Вай ҳеҷ маъбуде нест. Пас, оё шумо мусулмон ҳастед? (Яъне: бар Ислом собит бошед)

(11:14)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 15 (11:15)
t.me/Oyati_Quron
مَن كَانَ يُرِيدُ ٱلْحَيَوٰةَ ٱلدُّنْيَا وَزِينَتَهَا نُوَفِّ إِلَيْهِمْ أَعْمَٰلَهُمْ فِيهَا وَهُمْ فِيهَا لَا يُبْخَسُونَ
﴿هُودٍ؜ ١٥﴾

Ҳар ки зиндагонии дунё ва таҷаммули онро хоста бошад – ба ин ҷамоа ҷазои аъмолашонро дар дунё ба тамом мерасонем ва онҳо дар ин ҷо нуқсон дода намешаванд. (Яъне: савоби садақа ва силаи раҳмро, ки аз кофирон ба вуҷуд меояд, ба воситаи фаровонии ризқ ва сиҳҳатии бадан ба онҳо дода мешавад)

(11:15)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 16 (11:16)
t.me/Oyati_Quron
أُو۟لَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَيْسَ لَهُمْ فِى ٱلْءَاخِرَةِ إِلَّا ٱلنَّارُ ۖ وَحَبِطَ مَا صَنَعُوا۟ فِيهَا وَبَٰطِلٌۭ مَّا كَانُوا۟ يَعْمَلُونَ
﴿هُودٍ؜ ١٦﴾

Ин ҷамоа касонеанд, ки дар охират ба ҷуз оташ барояшон чизе нест ва он чи карда буданд, дар охират нобуд шавад ва он чи ба амал меоварданд, ботил аст.

(11:16)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 17 (11:17)
t.me/Oyati_Quron
أَفَمَن كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٍۢ مِّن رَّبِّهِۦ وَيَتْلُوهُ شَاهِدٌۭ مِّنْهُ وَمِن قَبْلِهِۦ كِتَٰبُ مُوسَىٰٓ إِمَامًۭا وَرَحْمَةً ۚ أُو۟لَٰٓئِكَ يُؤْمِنُونَ بِهِۦ ۚ وَمَن يَكْفُرْ بِهِۦ مِنَ ٱلْأَحْزَابِ فَٱلنَّارُ مَوْعِدُهُۥ ۚ فَلَا تَكُ فِى مِرْيَةٍۢ مِّنْهُ ۚ إِنَّهُ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكَ وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يُؤْمِنُونَ
﴿هُودٍ؜ ١٧﴾

Оё касе, ки бар ҳуҷҷате аз ҷониби Парвардигори худ бошад (Яъне: далели ақлӣ) ва аз паси он гувоҳие аз ҷониби Парвардигори ӯ гувоҳи вай меояд (Яъне: Қуръон) ва пеш аз он Китоби Мӯсо [ҳамчун] пешво ва бахшоише гувоҳи вай буд, (мисли дигарон бошад)? Ин ҷамоа ба Қуръон имон меоранд. Ва ҳар ки аз гурӯҳҳо ба он кофир шуд, пас, оташ ваъдагоҳи вай аст. Пас, аз нузули Қуръон дар шубҳа мабош, ҳар оина вай дуруст аст, ки аз Парвардигори ту омадааст, валекин бештари мардум имон намеоранд.

(11:17)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 18 (11:18)
t.me/Oyati_Quron
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ ٱفْتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا ۚ أُو۟لَٰٓئِكَ يُعْرَضُونَ عَلَىٰ رَبِّهِمْ وَيَقُولُ ٱلْأَشْهَٰدُ هَٰٓؤُلَآءِ ٱلَّذِينَ كَذَبُوا۟ عَلَىٰ رَبِّهِمْ ۚ أَلَا لَعْنَةُ ٱللَّهِ عَلَى ٱلظَّٰلِمِينَ
﴿هُودٍ؜ ١٨﴾

Ва кист ситамкортар аз касе, ки бар Аллоҳ дурӯғро барбандад? Ин ҷамоа пеши Парвардигори хеш оварда шаванд ва гувоҳон (Яъне: кироман котибин – (фариштагон) – нависандагони гиромиқадр) гӯянд: «Инҳо касонеанд, ки бар Парвардигори хеш дурӯғ бастанд». Огоҳ бош, лаънати Аллоҳ бар ситамкорон аст,

(11:18)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron