Ояти Қуръон ©️
75 subscribers
1 link
@Ahli_Sunnat_bosh_bot - тамос бо админ

وَقُلْ جَاء الْحَقُّ وَزَهَقَ الْبَاطِلُ إِنَّ الْبَاطِلَ كَانَ زَهُوقًا

Ва бигӯ: «(Дини) ҳақ омад ва (дини) ботил нобуд шуд; ба дурустӣ ки ботил нобудшаванда аст».

📖 Сураи Исро (17) ояти 81
Download Telegram
Юнус, ояти 92 (10:92)
t.me/Oyati_Quron
فَٱلْيَوْمَ نُنَجِّيكَ بِبَدَنِكَ لِتَكُونَ لِمَنْ خَلْفَكَ ءَايَةًۭ ۚ وَإِنَّ كَثِيرًۭا مِّنَ ٱلنَّاسِ عَنْ ءَايَٰتِنَا لَغَٰفِلُونَ
﴿يُونُسَ؜ ٩٢﴾

Пас, имрӯз туро ба ҳамон ҷасадат (Яъне: бе дигаргунӣ) бар макони баланд афканем, (Яъне: ба рӯи об орем) то барои онон, ки пас аз ту меоянд, нишона бошӣ. Ва ҳамоно, бисёре аз мардумон аз нишонаҳои Мо бехабаранд.

(10:92)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 93 (10:93)
t.me/Oyati_Quron
وَلَقَدْ بَوَّأْنَا بَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ مُبَوَّأَ صِدْقٍۢ وَرَزَقْنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ فَمَا ٱخْتَلَفُوا۟ حَتَّىٰ جَآءَهُمُ ٱلْعِلْمُ ۚ إِنَّ رَبَّكَ يَقْضِى بَيْنَهُمْ يَوْمَ ٱلْقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُوا۟ فِيهِ يَخْتَلِفُونَ
﴿يُونُسَ؜ ٩٣﴾

Ва ба дурустӣ ки Мо банӣ Исроилро ба мақоми нек ҷой додем ва ба онҳо аз покизаҳо рӯзӣ додем; пас ихтилоф накарданд, то он ки ба онҳо дониш омад. (Яъне: Қуръон) Ҳамоно, Парвардигори ту рӯзи қиёмат миёни онҳо дар он чи ихтилоф доштанд, ҳукм кунад.

(10:93)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 94 (10:94)
t.me/Oyati_Quron
فَإِن كُنتَ فِى شَكٍّۢ مِّمَّآ أَنزَلْنَآ إِلَيْكَ فَسْـَٔلِ ٱلَّذِينَ يَقْرَءُونَ ٱلْكِتَٰبَ مِن قَبْلِكَ ۚ لَقَدْ جَآءَكَ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلْمُمْتَرِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٩٤﴾

Ва агар аз он чи, ки ба сӯи ту фурӯ фиристодем, дар шак ҳастӣ, пас, аз касоне бипурс, ки пеш аз ту Китоб мехонданд. (Яъне: то зоҳир шавад, ки бар пайғамбарони собиқ низ ваҳй нозил мешуд) Ҳар оина аз Парвардигорат ваҳйи дуруст пеши ту омадааст; пас, аз шакорандагон машав.

(10:94)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 95 (10:95)
t.me/Oyati_Quron
وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ فَتَكُونَ مِنَ ٱلْخَٰسِرِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٩٥﴾

Ва аз касоне мабош, ки оёти Аллоҳро дурӯғ доштанд; он гоҳ аз зиёнкорон шавӣ.

(10:95)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 96 (10:96)
t.me/Oyati_Quron
إِنَّ ٱلَّذِينَ حَقَّتْ عَلَيْهِمْ كَلِمَتُ رَبِّكَ لَا يُؤْمِنُونَ
﴿يُونُسَ؜ ٩٦﴾

Ба дурустӣ, онон ки ҳукми Парвардигори ту бар онҳо собит шуд, имон наоранд –

(10:96)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 97 (10:97)
t.me/Oyati_Quron
وَلَوْ جَآءَتْهُمْ كُلُّ ءَايَةٍ حَتَّىٰ يَرَوُا۟ ٱلْعَذَابَ ٱلْأَلِيمَ
﴿يُونُسَ؜ ٩٧﴾

– ва агарчи ҳар нишонае ба онҳо биёяд – то он ки азоби дарддиҳандаро [на]бинанд.

(10:97)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 98 (10:98)
t.me/Oyati_Quron
فَلَوْلَا كَانَتْ قَرْيَةٌ ءَامَنَتْ فَنَفَعَهَآ إِيمَٰنُهَآ إِلَّا قَوْمَ يُونُسَ لَمَّآ ءَامَنُوا۟ كَشَفْنَا عَنْهُمْ عَذَابَ ٱلْخِزْىِ فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا وَمَتَّعْنَٰهُمْ إِلَىٰ حِينٍۢ
﴿يُونُسَ؜ ٩٨﴾

Пас, чаро деҳе набуд, ки имон орад ва имонаш ба вай суд кунад, магар қавми Юнус, ки чун имон оварданд, уқубати расвоиро дар зиндагонии дунё аз онҳо бардоштем ва онҳоро то муддате баҳраманд сохтем.

(10:98)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 99 (10:99)
t.me/Oyati_Quron
وَلَوْ شَآءَ رَبُّكَ لَءَامَنَ مَن فِى ٱلْأَرْضِ كُلُّهُمْ جَمِيعًا ۚ أَفَأَنتَ تُكْرِهُ ٱلنَّاسَ حَتَّىٰ يَكُونُوا۟ مُؤْمِنِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٩٩﴾

Ва агар Парвардигорат мехост, ҳамаи онон, ки дар заминанд, якҷо имон меоварданд. Оё ту мардумонро маҷбур карда метавонӣ, то мӯъмин шаванд?

(10:99)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 100 (10:100)
t.me/Oyati_Quron
وَمَا كَانَ لِنَفْسٍ أَن تُؤْمِنَ إِلَّا بِإِذْنِ ٱللَّهِ ۚ وَيَجْعَلُ ٱلرِّجْسَ عَلَى ٱلَّذِينَ لَا يَعْقِلُونَ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٠﴾

Ва ҳеҷ шахсеро раво набувад, ки ҷуз ба хости Аллоҳ имон орад; ва палидиро ба касоне меандозад, ки ба ақл дар намеёбанд.

(10:100)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 101 (10:101)
t.me/Oyati_Quron
قُلِ ٱنظُرُوا۟ مَاذَا فِى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلْأَرْضِ ۚ وَمَا تُغْنِى ٱلْءَايَٰتُ وَٱلنُّذُرُ عَن قَوْمٍۢ لَّا يُؤْمِنُونَ
﴿يُونُسَ؜ ١٠١﴾

Бигӯ: «Бибинед, ки дар осмонҳову замин чӣ чиз аст?» Ва нишонаҳову тарсонандагон ба гурӯҳе, ки бовар намекунанд, фоидае намедиҳанд.

(10:101)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 102 (10:102)
t.me/Oyati_Quron
فَهَلْ يَنتَظِرُونَ إِلَّا مِثْلَ أَيَّامِ ٱلَّذِينَ خَلَوْا۟ مِن قَبْلِهِمْ ۚ قُلْ فَٱنتَظِرُوٓا۟ إِنِّى مَعَكُم مِّنَ ٱلْمُنتَظِرِينَ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٢﴾

Пас [чизеро] интизор намекашанд, магар мусибатҳои онон, ки пеш аз онҳо гузаштанд. Бигӯ: «Интизор бикашед, ҳамоно, ман низ бо шумо аз мунтазиронам».

(10:102)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 103 (10:103)
t.me/Oyati_Quron
ثُمَّ نُنَجِّى رُسُلَنَا وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوا۟ ۚ كَذَٰلِكَ حَقًّا عَلَيْنَا نُنجِ ٱلْمُؤْمِنِينَ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٣﴾

Сипас, пайғамбарони худ ва ононро, ки имон оварданд, халос мекунем, ҳамчунин ба Мо лозим аст, ки мӯъминонро халос кунем.

(10:103)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 104 (10:104)
t.me/Oyati_Quron
قُلْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمْ فِى شَكٍّۢ مِّن دِينِى فَلَآ أَعْبُدُ ٱلَّذِينَ تَعْبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِنْ أَعْبُدُ ٱللَّهَ ٱلَّذِى يَتَوَفَّىٰكُمْ ۖ وَأُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ مِنَ ٱلْمُؤْمِنِينَ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٤﴾

Бигӯ: «Эй мардумон, агар шумо аз дини ман дар шубҳа ҳастед, пас (бишунавед, ки) ман онҳоеро, ки шумо ба ҷуз Аллоҳ мепарастед, ибодат намекунам; валекин он Аллоҳеро ибодат мекунам, ки ҷони шуморо мегирад; ва ба ман фармуда шудааст, ки аз мӯъминон бошам».

(10:104)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 105 (10:105)
t.me/Oyati_Quron
وَأَنْ أَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًۭا وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٥﴾

Ва (ба ман фармуда шуд) он, ки: «Рӯи худро барои дини ҳаниф рост кун ва [ҳаргиз] аз мушрикон мабош;

(10:105)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 106 (10:106)
t.me/Oyati_Quron
وَلَا تَدْعُ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُكَ وَلَا يَضُرُّكَ ۖ فَإِن فَعَلْتَ فَإِنَّكَ إِذًۭا مِّنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٦﴾

ва ба ҷуз Аллоҳ чизеро махон, ки ба ту суд накунад ва зиён нарасонад, пас агар [чунин] бикунӣ, он гоҳ аз ситамкорон бошӣ».

(10:106)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 107 (10:107)
t.me/Oyati_Quron
وَإِن يَمْسَسْكَ ٱللَّهُ بِضُرٍّۢ فَلَا كَاشِفَ لَهُۥٓ إِلَّا هُوَ ۖ وَإِن يُرِدْكَ بِخَيْرٍۢ فَلَا رَآدَّ لِفَضْلِهِۦ ۚ يُصِيبُ بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنْ عِبَادِهِۦ ۚ وَهُوَ ٱلْغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٧﴾

Ва агар Аллоҳ ба ту ранҷе бирасонад, пас онро ба ҷуз Ӯ бардорандае нест. Ва агар дар ҳаққи ту неъмате хоҳад, пас фазли Ӯро ҳеҷ дафъкунандае нест; онро аз бандагони Худ ба ҳар ки хоҳад, мерасонад. Ва Ӯ Омурзандаи Меҳрубон аст.

(10:107)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 108 (10:108)
t.me/Oyati_Quron
قُلْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ قَدْ جَآءَكُمُ ٱلْحَقُّ مِن رَّبِّكُمْ ۖ فَمَنِ ٱهْتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهْتَدِى لِنَفْسِهِۦ ۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيْهَا ۖ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيْكُم بِوَكِيلٍۢ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٨﴾

Бигӯ: «Эй мардумон, ба дурустӣ ки аз Парвардигоратон ба шумо ваҳйи рост омадааст; пас ҳар ки роҳ ёфт, ҷуз он нест, ки барои худ роҳ ёфт; ва ҳар ки гумроҳ шуд, ҷуз ин нест, ки ба зиёни худ гумроҳ мешавад; ва ман бар шумо нигоҳбон нестам».

(10:108)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 109 (10:109)
t.me/Oyati_Quron
وَٱتَّبِعْ مَا يُوحَىٰٓ إِلَيْكَ وَٱصْبِرْ حَتَّىٰ يَحْكُمَ ٱللَّهُ ۚ وَهُوَ خَيْرُ ٱلْحَٰكِمِينَ
﴿يُونُسَ؜ ١٠٩﴾

Ва чизеро пайравӣ кун, (Мухотаб Муҳаммад ﷺ аст) ки ба тариқи ваҳй ба ту фиристодем; ва шикебоӣ кун, то он ки Аллоҳ файсала кунад; ва Ӯ Беҳтарини файсалакунандагон аст.

(10:109)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
📌 Сураи Ҳуд (11)
Ҳуд, ояти 1 (11:1)
t.me/Oyati_Quron
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ الٓر ۚ كِتَٰبٌ أُحْكِمَتْ ءَايَٰتُهُۥ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِن لَّدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ
﴿هُودٍ؜ ١﴾

Ба номи Аллоҳи бахшоянда ва меҳрубон. Алиф. Лом. Ро. Ин Китобест омада аз наздики (Аллоҳи) Дурусткори Хабардор, ки оёти он устувор ва сипас возеҳ карда шудааст,

(11:1)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 2 (11:2)
t.me/Oyati_Quron
أَلَّا تَعْبُدُوٓا۟ إِلَّا ٱللَّهَ ۚ إِنَّنِى لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌۭ وَبَشِيرٌۭ
﴿هُودٍ؜ ٢﴾

ба он (мазмун), ки (пайғамбар гӯяд:) «Ба ҷуз Аллоҳ [касеро] ибодат накунед. Ба дурустӣ ки ман аз ҷониби Ӯ барои шумо бимкунанда ва башоратдиҳанда ҳастам.

(11:2)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron