Ояти Қуръон ©️
75 subscribers
1 link
@Ahli_Sunnat_bosh_bot - тамос бо админ

وَقُلْ جَاء الْحَقُّ وَزَهَقَ الْبَاطِلُ إِنَّ الْبَاطِلَ كَانَ زَهُوقًا

Ва бигӯ: «(Дини) ҳақ омад ва (дини) ботил нобуд шуд; ба дурустӣ ки ботил нобудшаванда аст».

📖 Сураи Исро (17) ояти 81
Download Telegram
Юнус, ояти 72 (10:72)
t.me/Oyati_Quron
فَإِن تَوَلَّيْتُمْ فَمَا سَأَلْتُكُم مِّنْ أَجْرٍ ۖ إِنْ أَجْرِىَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِ ۖ وَأُمِرْتُ أَنْ أَكُونَ مِنَ ٱلْمُسْلِمِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٧٢﴾

Пас, агар рӯй бигардонед, (Яъне: аз гуфтаи ман, пас бидонед, ки) ман аз шумо ҳеҷ музде нахоста будам, музди ман ба ҷуз бар Аллоҳ [бар касе] нест; ва ба ман фармуда шудааст, ки аз мусулмонон бошам».

(10:72)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 73 (10:73)
t.me/Oyati_Quron
فَكَذَّبُوهُ فَنَجَّيْنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِى ٱلْفُلْكِ وَجَعَلْنَٰهُمْ خَلَٰٓئِفَ وَأَغْرَقْنَا ٱلَّذِينَ كَذَّبُوا۟ بِـَٔايَٰتِنَا ۖ فَٱنظُرْ كَيْفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلْمُنذَرِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٧٣﴾

Пас ӯро дурӯғ доштанд. Ва Мо ӯ ва ононро, ки бо вай дар киштӣ буданд, халос сохтем ва онҳоро ҷойнишин гардонидем. Ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ доштанд, ғарқ кардем. Пас, бинигар, ки охири кори бимкардашудагон чӣ гуна шуд.

(10:73)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 74 (10:74)
t.me/Oyati_Quron
ثُمَّ بَعَثْنَا مِنۢ بَعْدِهِۦ رُسُلًا إِلَىٰ قَوْمِهِمْ فَجَآءُوهُم بِٱلْبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانُوا۟ لِيُؤْمِنُوا۟ بِمَا كَذَّبُوا۟ بِهِۦ مِن قَبْلُ ۚ كَذَٰلِكَ نَطْبَعُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلْمُعْتَدِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٧٤﴾

Сипас, баъди Нӯҳ пайғамбаронро ба сӯи қавмҳояшон фиристодем. Пас, пеши онҳо нишонаҳои равшанро оварданд. Пас, ҳаргиз бар он набуданд, ки ба он чи имон оранд, ки онро пеш аз ин дурӯғ дошта буданд. Ҳамчунин бар дили аз ҳад гузарандагон мӯҳр мениҳем.

(10:74)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 75 (10:75)
t.me/Oyati_Quron
ثُمَّ بَعَثْنَا مِنۢ بَعْدِهِم مُّوسَىٰ وَهَٰرُونَ إِلَىٰ فِرْعَوْنَ وَمَلَإِي۟هِۦ بِـَٔايَٰتِنَا فَٱسْتَكْبَرُوا۟ وَكَانُوا۟ قَوْمًۭا مُّجْرِمِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٧٥﴾

Боз, баъд аз онҳо Мӯсо ва Ҳорунро бо нишонаҳои Хеш ба сӯи Фиръавн ва қавми вай фиристодем. Пас, такаббур карданд ва қавми гуноҳкор буданд.

(10:75)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 76 (10:76)
t.me/Oyati_Quron
فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلْحَقُّ مِنْ عِندِنَا قَالُوٓا۟ إِنَّ هَٰذَا لَسِحْرٌۭ مُّبِينٌۭ
﴿يُونُسَ؜ ٧٦﴾

Ва чун сухани дуруст аз наздики Мо ба онҳо омад, гуфтанд: «Ҳамоно ин сеҳри зоҳир аст».

(10:76)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 77 (10:77)
t.me/Oyati_Quron
قَالَ مُوسَىٰٓ أَتَقُولُونَ لِلْحَقِّ لَمَّا جَآءَكُمْ ۖ أَسِحْرٌ هَٰذَا وَلَا يُفْلِحُ ٱلسَّٰحِرُونَ
﴿يُونُسَ؜ ٧٧﴾

Мӯсо гуфт: «Оё сухани дурустро – чун ба шумо биёмад – чунин мегӯед? Оё ин сеҳр аст? Ва соҳирон растагор намешаванд».

(10:77)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 78 (10:78)
t.me/Oyati_Quron
قَالُوٓا۟ أَجِئْتَنَا لِتَلْفِتَنَا عَمَّا وَجَدْنَا عَلَيْهِ ءَابَآءَنَا وَتَكُونَ لَكُمَا ٱلْكِبْرِيَآءُ فِى ٱلْأَرْضِ وَمَا نَحْنُ لَكُمَا بِمُؤْمِنِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٧٨﴾

Гуфтанд: «Оё пеши мо омадӣ, то моро аз дине боздорӣ, ки падарони худро бар он ёфтаем ва то дар замин риёсат аз они шумо бошад? Ва мо шуморо бовардоранда нестем».

(10:78)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 79 (10:79)
t.me/Oyati_Quron
وَقَالَ فِرْعَوْنُ ٱئْتُونِى بِكُلِّ سَٰحِرٍ عَلِيمٍۢ
﴿يُونُسَ؜ ٧٩﴾

Ва Фиръавн гуфт: «Ҳар соҳири доноро пеши ман биёред».

(10:79)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 80 (10:80)
t.me/Oyati_Quron
فَلَمَّا جَآءَ ٱلسَّحَرَةُ قَالَ لَهُم مُّوسَىٰٓ أَلْقُوا۟ مَآ أَنتُم مُّلْقُونَ
﴿يُونُسَ؜ ٨٠﴾

Пас, вақте ки соҳирон омаданд, Мӯсо ба онҳо гуфт: «Биафканед он чиро, ки шумо афканандаи он ҳастед».

(10:80)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 81 (10:81)
t.me/Oyati_Quron
فَلَمَّآ أَلْقَوْا۟ قَالَ مُوسَىٰ مَا جِئْتُم بِهِ ٱلسِّحْرُ ۖ إِنَّ ٱللَّهَ سَيُبْطِلُهُۥٓ ۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُصْلِحُ عَمَلَ ٱلْمُفْسِدِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٨١﴾

Пас, чун афканданд, Мӯсо гуфт: «Он чи овардаед, сеҳр аст; ба дурустӣ ки Аллоҳ онро ботил хоҳад сохт; ба дурустӣ ки Аллоҳ кори муфсидонро рост намеорад.

(10:81)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 82 (10:82)
t.me/Oyati_Quron
وَيُحِقُّ ٱللَّهُ ٱلْحَقَّ بِكَلِمَٰتِهِۦ وَلَوْ كَرِهَ ٱلْمُجْرِمُونَ
﴿يُونُسَ؜ ٨٢﴾

Ва Аллоҳ сухани дурустро ба фармони Худ собит хоҳад кард, агарчи гуноҳкорон нохуш доранд».

(10:82)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 83 (10:83)
t.me/Oyati_Quron
فَمَآ ءَامَنَ لِمُوسَىٰٓ إِلَّا ذُرِّيَّةٌۭ مِّن قَوْمِهِۦ عَلَىٰ خَوْفٍۢ مِّن فِرْعَوْنَ وَمَلَإِي۟هِمْ أَن يَفْتِنَهُمْ ۚ وَإِنَّ فِرْعَوْنَ لَعَالٍۢ فِى ٱلْأَرْضِ وَإِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلْمُسْرِفِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٨٣﴾

Пас, ба Мӯсо ба ҷуз ҷамоае аз қавми вай [дигарон] имон наоварданд, бо вуҷуди хавф аз Фиръавн ва ашрофашон, ки онҳоро уқубат кунад. Ва ба дурустӣ ки Фиръавн дар он замин саркаше буд ва ҳамоно вай аз ҳад гузаранда буд.

(10:83)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 84 (10:84)
t.me/Oyati_Quron
وَقَالَ مُوسَىٰ يَٰقَوْمِ إِن كُنتُمْ ءَامَنتُم بِٱللَّهِ فَعَلَيْهِ تَوَكَّلُوٓا۟ إِن كُنتُم مُّسْلِمِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٨٤﴾

Ва Мӯсо гуфт: «Эй қавми ман, агар ба Аллоҳ имон овардаед ва агар мусулмон ҳастед, пас, бар Вай таваккул бикунед».

(10:84)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 85 (10:85)
t.me/Oyati_Quron
فَقَالُوا۟ عَلَى ٱللَّهِ تَوَكَّلْنَا رَبَّنَا لَا تَجْعَلْنَا فِتْنَةًۭ لِّلْقَوْمِ ٱلظَّٰلِمِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٨٥﴾

Пас, гуфтанд: «Ба Аллоҳ таваккул кардем; эй Парвардигори мо, моро лагадкӯби қавми ситамкорон макун.

(10:85)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 86 (10:86)
t.me/Oyati_Quron
وَنَجِّنَا بِرَحْمَتِكَ مِنَ ٱلْقَوْمِ ٱلْكَٰفِرِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٨٦﴾

Ва моро ба раҳмати Худ аз гурӯҳи кофирон халос кун».

(10:86)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 87 (10:87)
t.me/Oyati_Quron
وَأَوْحَيْنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰ وَأَخِيهِ أَن تَبَوَّءَا لِقَوْمِكُمَا بِمِصْرَ بُيُوتًۭا وَٱجْعَلُوا۟ بُيُوتَكُمْ قِبْلَةًۭ وَأَقِيمُوا۟ ٱلصَّلَوٰةَ ۗ وَبَشِّرِ ٱلْمُؤْمِنِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٨٧﴾

Ва ба сӯи Мӯсо ва бародари вай ваҳй фиристодем, ки қавми худро ба шаҳри Миср дар хонаҳо сокин кунед ва он хонаҳои худро қибларӯ бисозед ва намоз барпо доред. Ва мӯъминонро башорат деҳ.

(10:87)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 88 (10:88)
t.me/Oyati_Quron
وَقَالَ مُوسَىٰ رَبَّنَآ إِنَّكَ ءَاتَيْتَ فِرْعَوْنَ وَمَلَأَهُۥ زِينَةًۭ وَأَمْوَٰلًۭا فِى ٱلْحَيَوٰةِ ٱلدُّنْيَا رَبَّنَا لِيُضِلُّوا۟ عَن سَبِيلِكَ ۖ رَبَّنَا ٱطْمِسْ عَلَىٰٓ أَمْوَٰلِهِمْ وَٱشْدُدْ عَلَىٰ قُلُوبِهِمْ فَلَا يُؤْمِنُوا۟ حَتَّىٰ يَرَوُا۟ ٱلْعَذَابَ ٱلْأَلِيمَ
﴿يُونُسَ؜ ٨٨﴾

Ва Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори мо, ба дурустӣ ки Ту ба Фиръавн ва қабилаи ӯ дар зиндагонии дунё зинат ва молҳои бисёр додаӣ, эй Парвардигори мо, то (оламро) аз роҳи Ту гумроҳ кунанд, эй Парвардигори мо, молҳояшонро нобуд кун ва бар дилҳояшон мӯҳр кун, ки то азоби дарддиҳандаро [на]бинанд, имон наоранд».

(10:88)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 89 (10:89)
t.me/Oyati_Quron
قَالَ قَدْ أُجِيبَت دَّعْوَتُكُمَا فَٱسْتَقِيمَا وَلَا تَتَّبِعَآنِّ سَبِيلَ ٱلَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ
﴿يُونُسَ؜ ٨٩﴾

Гуфт: (Яъне: Аллоҳ гуфт) «Ба дурустӣ ки дуои шумо қабул карда шуд, пас собит бошед ва роҳи ҷоҳилонро пайравӣ макунед».

(10:89)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 90 (10:90)
t.me/Oyati_Quron
۞ وَجَٰوَزْنَا بِبَنِىٓ إِسْرَٰٓءِيلَ ٱلْبَحْرَ فَأَتْبَعَهُمْ فِرْعَوْنُ وَجُنُودُهُۥ بَغْيًۭا وَعَدْوًا ۖ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَدْرَكَهُ ٱلْغَرَقُ قَالَ ءَامَنتُ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱلَّذِىٓ ءَامَنَتْ بِهِۦ بَنُوٓا۟ إِسْرَٰٓءِيلَ وَأَنَا۠ مِنَ ٱلْمُسْلِمِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٩٠﴾

Ва авлоди Яъқубро аз дарё гузаронидем; пас Фиръавну лашкари ӯ аз роҳи ситам ва тааддӣ дар ақиби онҳо шуданд, то вақте ки машаққати ғарқ ба ӯ расид, гуфт: «Бовар дорам, ки ҳеҷ маъбуде нест, магар Он, ки банӣ Исроил ба Вай имон овардаанд ва ман аз мусулмонон ҳастам».

(10:90)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 91 (10:91)
t.me/Oyati_Quron
ءَآلْـَٰٔنَ وَقَدْ عَصَيْتَ قَبْلُ وَكُنتَ مِنَ ٱلْمُفْسِدِينَ
﴿يُونُسَ؜ ٩١﴾

(Гуфта шуд:) оё акнун (имон меорӣ)? Ва пеш аз ин нофармонӣ карда будӣ ва аз муфсидон будӣ.

(10:91)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Юнус, ояти 92 (10:92)
t.me/Oyati_Quron
فَٱلْيَوْمَ نُنَجِّيكَ بِبَدَنِكَ لِتَكُونَ لِمَنْ خَلْفَكَ ءَايَةًۭ ۚ وَإِنَّ كَثِيرًۭا مِّنَ ٱلنَّاسِ عَنْ ءَايَٰتِنَا لَغَٰفِلُونَ
﴿يُونُسَ؜ ٩٢﴾

Пас, имрӯз туро ба ҳамон ҷасадат (Яъне: бе дигаргунӣ) бар макони баланд афканем, (Яъне: ба рӯи об орем) то барои онон, ки пас аз ту меоянд, нишона бошӣ. Ва ҳамоно, бисёре аз мардумон аз нишонаҳои Мо бехабаранд.

(10:92)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron