☘️«Илқо»☘️
1.12K subscribers
3.33K photos
1.93K videos
163 files
4.56K links
Гувоҳи медиҳам ба ин ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, ва гувоҳи медиҳам ба ин ки Муҳаммад (ﷺ) банда ва фиристодаи Ӯст.

Дар ин канал метавонед, заруроти Диниро пайдо кунед, Ин Шаа Аллоҳ.

Руйхати каналҳои мо.
https://t.me/ILQO_10_22/4
Download Telegram
Синдроми чашми гурба

ин синдром як бемории хромосомаи нисбатан камёб аст, ки бо ду аломати асосӣ хос аст: атрезия (набудани) ва аномалия дар инкишофи қаҳваранг, ки зоҳиран ба чашми гурба шабоҳат дорад.

Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
📌 БОБИ МУҶОҲИДАТ ВА ТАЛОШ

Ҳадиси №96

Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Audio
Ҳадиси №96

Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Audio
Дарси 52

📓Аз китоби «Лубоб Фи Шарҳил Китоб»  (Шарҳи Мухтасарул Қудурӣ).

🎙Шайх Юсуф Ханафӣ.

https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1582
Audio
Дарси 53

📓Аз китоби «Лубоб Фи Шарҳил Китоб»  (Шарҳи Мухтасарул Қудурӣ).

🎙Шайх Юсуф Ханафӣ.

https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1583
JONLI: Toshkent shahar muazzinlari uchun mahorat darsi (09.12.2021)
Muslim uz
📕 Азон сабоқлари.

Шайх Алиҷон Қорӣ.

Узбек тилида.

21 дарс.

https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1647
Намоздаги макрух амаллар 1

Абдуллах Қурахмет Қарноқий

65 дарс

https://t.me/Rizogi_Alloh_1223/1640
Маълумоти мухтасар дар бораи Имом Абӯҳанифа ( р а ) ⬇️
5️⃣. Хизмати Абӯҳанифа ба забони форсӣ

✏️Бо густариши ислом доираи забони арабӣ берун аз нимҷазираи Араб густариш ёфт. Мардуми Миср, Лубнон, як қисми Сурияву Ироқ, ки арабзабон набуданд, забони арабиро қабул карданд. Яке аз хизматҳои шоёни Абӯҳанифа он аст, ки ӯ тавонист мақоми расмии забони форсиро нигоҳ дорад. Ӯ забони форсиро баъди арабӣ забони дуюми ислом эълон кард. Ҳамчунин тафсири Қуръон ва хондани намоз ба форсиро иҷозат дод. Муҳаммад Ҷаводи Машкур дар ин бобат навиштааст: « Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Қайс ибни Марзбон нахустин фақеҳест, ки адои намоз, сиғаҳои шаръӣ ва ҳатто тарҷумаи Қуръонро ба забони порсии дарӣ, раво донист. Чунон, ки мебинем, нахустин асари забони форсии дарӣ тарҷумаҳо ва тафсирҳо аз Қуръон бо ин забон аст. Агар порсии дарӣ забони мусулмонони Эрон намешуд ва фуқаҳои бузурге мисли Абӯҳанифа ба ҷонишин сохтани он забон дар адои намоз ва сиғаҳои шаръӣ фатво намедоданд, ва Абӯнасри Машкон – муншӣ ва дабири дарбори Ғазнавӣ онро забони китоби девони давлатии Эрон намесохт, ҳаргиз он забон наметавонист дар Эрон пойдор бимонад, балки монанди дигар мамолики фатҳшуда чун Шом (Сурия) ва шимоли Африқо батадриҷ забони миллат аз байн рафтаву забони арабӣ ҷои онро мегирифт». (Б.Рустамзода «Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) кист?» Душанбе 1999)
Ба гуфтаи олими тоҷик Н.Неъматов дар Осиёи Миёнаи давраи Сомониён мазҳаби ҳанафӣ ба таври расмӣ оини давлатдорӣ ба шумор мерафт. Дар он давра забони форсӣ дар баробари забони арабӣ, забони илму адаб, нигориш ва давлатдорӣ буд. Минбаъд то солҳои бистуми асри ХХ дар Осиёи Миёна забони аҳли дарбор форсӣ боқӣ монд. Ҳатто дар нимҷазираи Ҳинд тӯли 8 аср форсӣ забони давлатдорӣ ба шумор мерафт.
Фатвои Абӯҳанифа (р) бесабаб набуд:
Назди Худованди Таборак ва Таъоло маҳбубтарини забонҳо арабӣ ва форсӣ мебошанд. Ба қавли Имом Замахшарӣ дар Қуръони азимушшаън 101 калимаи форсиро дучор шудан мумкин аст. Чунончи «Сиҷҷил» ҳамон сангу гили форсист.
Худи ҳазрати Муҳаммад (с) низ чанд калимаи форсиро медонистанд. Рӯзе он ҳазрат (с) Салмони Форсӣ (р)-ро диданд, ки аз сабаби дарди шикам рӯй ба замин ниҳода хобидаанд. Расули Акрам (с) пурсиданд: Ё Салмон,а шикам дард?» (Эй Салмон, оё дарди шикам ҳастед?) Салмони Форсӣ (р) гуфтанд: «Наъам, ё Расулаллоҳ (с)» Паёмбари гиромӣ (с) фармуданд: «Қум, фа селлӣ» (Бархезед ва намоз хонед). Ин ибораро Асадии Тӯсӣ дар китоби «Мунозираи Арабу Аҷам» ба риштаи назм дароварда чунин нигоштааст:
Ҳам з-Ибни Амома хабар омад, ки фариштаст,
Дар соягаҳи Арш ба тасбеҳ дуохон.
Гуфтор ҳама порсии поку латиф аст,
Бар ҳамду санои малаку воҳиди Маннон.
Салмон к-аз ин порсӣ асту ба Муҳаммад (с)
Иқрор наёвард касе пеш зи Салмон
В-ар баҳри «шикам» дар сухан порсиаш гуфт,
Пайғамбари пурсо чу ғамин дидашу пазмон…
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ситоиши форсиён ба зоҳиршавии ҳазрати Имоми Аъзам (р) ва дигар олимону авлиё дар як ҳадисашон ва ишорае кардаанд: «Агар илм дар Сурайё овезон мебуд, ҳароина мардоне аз форс ба он ноил мешуданд».

6️⃣. Сарватмандӣ ва саховати Абӯҳанифа (р)

✏️Тавре дар боло ишора кардем, Имоми Аъзам (р) муддати зиёде ба шогирдаш Абӯюсуф (р) кӯмаки молиявӣ мекард. Дар ин хусус Абӯюсуф гуфтааст: «Муддати бист сол сарфи ман ва хонаводаамро Имоми Аъзам (р) медод. Ман касеро надидаам, ки сифатҳои некаш аз Абӯҳанифа (р) бештар бошад».
Агар яке аз шогирдонаш нияти ақди никоҳ мекард, Имоми Аъзам (р) хароҷоти тӯи ӯро мепардохт. Алалхусус уламоро дастгирӣ мекард. Дар ин хусус Абуисроил гуфтааст: «Имоми Аъзам (р) хеле сахтӣ буд. Ёронашро тасаллӣ медод. Дар рӯзҳои ид бо пулу мол кӯмак менамуд. Бахусус ба уламо мувофиқи мартабаашон ёрии моддӣ мерасонд».
Бағдодӣ дар «Таърихи Бағдод» гуфтааст: «Абӯҳанифа суд (фоида)-и тиҷорати солонаашро ҷамъ мекард ва аз он барои устодону муҳаддисин либосу ғизо таҳия менамуд».
Суфён ибни Айино гуфтааст: « Абӯҳанифа (р) шахси ҷавоб (дасткушод) ва олиҳиммат буд. Ба мардум пулу моли бисёр медод ва мебахшид. Метавонам бигӯям, ки тамоми фоидаи молашро инфоқ мекард. Дафъае ба сӯи ман ҳадя фиристод. Аз зиёдии он дар ҳайрат афтодам. Пас аз ин кор ба шогирдонаш шикоят намудам.

Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Яке аз шогирдонаш гуфт: «Агар ҳадяи барои Саид ибни Аруба фиристодаро медидед чӣ мегуфтед?»
Шақиқ нақл мекунад, ки Абӯҳанифа ҳамроҳи мо дар роҳе мерафт. Шахсе маро дида, самти ҳаракаташро, ки сӯи мо буд, тағйир дод. Имом ӯро ҷониби худ хонда пурсид:
-Чаро роҳатро дигар кардӣ?
Ӯ гуфт: - Ман аз Шумо 10 ҳазор дирҳам қарздорам. Бо сабаби тангдастӣ онро адо карда наметавонам. Ҳоло Шуморо дида, дар хиҷолат мондам.
Абӯҳанифа гуфт: -Ман он маблағи қарзро бахшидам.
Яке аз шуаро гуфтааст: «Чӣ хуб аст, ки дину дунё ба ҳам ҷамъ шаванд» (Яъне, чӣ хуш аст, агар касе ҳам молу сарват дошта бошаду ҳам диёнат). Абӯҳанифа (р) марде буд, ки аз се неъмати бузург бархурдор буд:

1,Бениёзӣ (Ба касе мӯҳтоҷ набуд). 2. Ҷамъи илму фиқҳ. 3. Ҷамъи ибодату тақво.

7️⃣. Тақводории Имоми Аъзам (р)

✏️Нӯъмон ибни Собитро барои он Абӯҳанифа мегуфтанд, ки ӯ дар ақидаи динии худ пойдор, устувор, пойбарҷо ва ҳақиқӣ будааст.
Дар парҳезкорию ибодат Имоми Азам (р) намунаи давру замон ба ҳисоб мерафт. Шабҳо хеле кам мехобид, то ҷое, ки вайро ба хотири кӯшиши зиёд кардан дар намоз «ватад», яъне мехи кӯбидаву устувор меномиданд. Шабзиндадорӣ карда мегирист. Ҳатто ҳамсояҳо садои ҳузнолудашро мешуниданду дилашон ба ҳолаш месӯхт.
Имоми Аъзам (р) дар хариду фурӯш ва ҳақгузорӣ тақвою адолатро риоя мекард. Чунончи, Ҳаф- ибни Абдураҳмон бо Имом Аъзам (р) шарики тиҷоратӣ буд. Рӯзе Абӯҳанифа (р) ба ӯ молу либосвориро барои фурӯхтан фиристод. Аз дохили либосҳо якеаш нуқсон доштанашро низ таъкид намуд, то Ҳафс зимни фурӯхтан ба харидор он нуқсонро баён намояд. Ҳафс ҳамаи онҳоро фурӯхт, вале аз хотираш баромад, ки нуқси он либосро ба харидор бигӯяд. Чун Имоми Аъзам (р) аз ин ҳодиса огоҳ гардид, тамоми он маблағро, ки бо 30 000 дирҳам баробар буд, ба ҳоҷатмандон садақа кард.
Ҳафс, ки сӣ сол бо Абӯҳанифа дар тиҷорат ҳамкорӣ кардаву аз илму амали он кас баҳра гирифта буд, чунин мегӯяд: «Ман дар давоми ҳаёти худ бисёре аз уламо, фуқаҳо, тақводорон ва тарки дунё намудагонро дидам ва дар сӯҳбати ишон будам, лекин монанди Абӯҳанифа ҳамаи хислатҳоро ҷамъ намудаӣ шахсро то ҳол пайдо накардаам».
Дар хусуси ҷавонмардӣ ва риояти ҳаққи ҳамсоягӣ ҳикоя мекунанд, ки Имоми Аъзам (р) ҳамсояи ҷавоне дошт. Рӯзҳо кор карда шабонгоҳ маст ба хона меомаду то нисфишабӣ сурудхонӣ мекард. Абӯҳанифа (р), ки то субҳидам машғули ибодат буд, садои ҷавонро мешунид. Бо вуҷуди нороҳат шудан, ба хотири риояи ҳаққи ҳамсоягӣ ба ҷавон чизе намегуфт. Шабе садои ҷавонро нашуниду саҳаргоҳон аз ҳамсоягон сабаб пурсид. Онҳо гуфтанд, ки ҷавонро бо гуноҳе зиндонӣ кардаанд. Имоми Аъзам (р) бо шунидани ин дарҳол назди амир рафт. Амир ба эҳтироми Имоми Аъзам (р) аз ҷо бархоста, салом намуду сабаби ташрифашро пурсид. Имоми Аъзам (р) воқеаро баён карда, аз маҳбас озод намудани ҳамсояашро хоҳиш намуд. Бо супориши амир зуд он ҷавонро аз зиндон озод карданд. Ҷавон ба хотири ӯ назди амир рафтани Абӯҳанифаро фаҳмида, тавба карду шахси тақводор шуд.

Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Имом Абдураббоҳи Андалуси (246 - 328) رَحِمَهُ اللّٰه дар ибтидои китоби худ « Ал Ъақдул Фарид » фармуд:

الْحَمْدُ لِلّٰهِ الأَوَّلِ بِلَا إِبْتِدَاءِ، الَٔآخِرِ بِلَا انْتِهَاءِ، اْلمُنْفَرِدِ بِقُدْرَتِهِ، الْمُتَعَالِي فِي سُلْطَانِهِ، الَّذِي لَا تَحْوِيهِ الْجِهَاتُ.

"Ҳамду ситоиш Аллоҳро ки яккаву ягона аст ба қудрату тавоноияш, ва баланду бузург аст дар подшоҳияш, он Худое аст, ки ҷиҳатҳо (самту тарафу ҷойҳо) ӯро фаро нагирифтаанд"

«Ал-ъақдул-фарид» саҳ 3 📚.

Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
Ақидаи Имом Заҳаби .
-------------------------------------------------------
Имом Заҳаби رَحِمَهُ اللّٰه баъд аз зикр кардани ин ривоят фармуд:☑️

وَتَعَالَى اللّٰهُ أَنْ يُحَدَّ أَوْ يُوْصَفَ إِلَّا بِمَا وَصَفَ بِهِ نَفْسَهُ، أَوْ عَلَّمَهُ رُسُلَهُ بِالْمَعْنَى الَّذِي أَرَادَ بِلَا مِثْلٍ وَلَا كَيْفٍ. (لَيسَ كَمِثلِهِ شَيءٌ ۖ وَهُوَ السَّميعُ البَصيرُ).

Ва поку муназзаҳ аст, Аллоҳ аз инки ҳаде (ҳад- яъне марз) дошта бошад ё инки васф карда шавад (ба ҳад). Аллоҳ-ро васф карда намешавад магар ба он чизе, ки Аллоҳ худро васф намудааст, ё он ончиро, ки бо расулонаш таълим дод, ва ба он маънои, ки у хост бе мислу монанд ва бе кайфият (Ҳеҷ чизе аз махлуқот ба Ӯ шабоҳат надорад. Ва Ӯ Шунавандаи гуфтори бандагон, Бинандаи кирдори онҳост) сураи Шӯро ояти 11.

«Сияру Аълами Нубала» 16/97📚

Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
☘️«Илқо»☘️
Ақидаи Имом Заҳаби . ------------------------------------------------------- Имом Заҳаби رَحِمَهُ اللّٰه баъд аз зикр кардани ин ривоят фармуд:☑️ وَتَعَالَى اللّٰهُ أَنْ يُحَدَّ أَوْ يُوْصَفَ إِلَّا بِمَا وَصَفَ بِهِ نَفْسَهُ، أَوْ عَلَّمَهُ رُسُلَهُ بِالْمَعْنَى…
📓 Гуфт Абу Исмоъили Ансорӣ, шунидам аз Яҳё Ибни Аммори Воъиз, Ҳангоме, ки аз ӯ пурсон шудам дар бораи Ҳофиз Ибни Ҳиббон (р) ( соҳиби китоби ҳадис-Саҳеҳ Ибни Ҳиббон).
гуфт: (Яҳё ибни Аммори Воъиз) мо Уро (Ибни Ҳиббонро) хориҷ кардем аз шаҳри Сиҷистон, у соҳиби илми зиёде буд, аммо наонқадар дини бузург дошт (яъне ақидаи хуб надошт) Ва ба Сиҷистони мо омад, ва ҳад-ро (ҳад-яъне ҳаҷм,
Бидоят ва ниҳоят доштани зот мебоша) аз Аллоҳ инкор кард, баъд аз ин мо ӯро хориҷ кардем аз (шаҳри) Сиҷистон.

Имом Заҳаби رَحِمَهُ اللّٰه баъд аз зикр кардани ин ривоят фармуд:

وَتَعَالَى اللّٰهُ أَنْ يُحَدَّ أَوْ يُوْصَفَ إِلَّا بِمَا وَصَفَ بِهِ نَفْسَهُ، أَوْ عَلَّمَهُ رُسُلَهُ بِالْمَعْنَى الَّذِي أَرَادَ بِلَا مِثْلٍ وَلَا كَيْفٍ. (لَيسَ كَمِثلِهِ شَيءٌ ۖ وَهُوَ السَّميعُ البَصيرُ).

Ва поку муназзаҳ аст, Аллоҳ аз инки ҳаде (ҳад- яъне ҳаҷм) дошта бошад ё инки васф карда шавад (ба ҳад). Аллоҳ-ро васф карда намешавад магар ба он чизе, ки Аллоҳ худро васф намудааст, ё он ончиро, ки бо расулонаш таълим дод, ва ба он маънои, ки у хост бе мислу монанд ва бе кайфият (Ҳеҷ чизе аз махлуқот ба Ӯ шабоҳат надорад. Ва Ӯ Шунавандаи гуфтори бандагон, Бинандаи кирдори онҳост) сураи Шӯро ояти 11.

«Сияру Аълами Нубала» 16/97📚

📓 Танбеҳ:📌
Аз ин ақвол фаҳмида мешавад, ки Ҳофиз ибни Ҳиббон رَحِمَهُ اللّٰه ва Имом Заҳаби Аллоҳ-ро поку муназзаҳ аз ҳад (ҳад яъне ҳаҷм
Бидоят ва ниҳоят доштани зот мебоша) медонанд, зеро ин ақида ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат аст ва ҳар як фарди мусалмон бояд ба ин ақидаро дошта бошад.

Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22
📌Тухми бедона гарави иммунитети қавӣ аст!

барои ин ҳар субҳ дар меъдаи холӣ 2 дона тухми хоми бедона истеъмол кардан лозим аст.

Табобат, ки 2—3 мох давом мекунад, албатта натичаи худро медихад.
калорияи як тухми бедона ба 150 грамм гӯшти гов баробар аст.

Телеграми мо: 📲 https://t.me/ILQO_10_22