احاديث صحيح!
38 subscribers
4 links
Download Telegram
Ҳадиси ( 530 )




Ҳамаи тақдироти махлуқот навишта шуда аст ва назди Аллоҳ Таъоло болои арш гузошта шуда аст.

Ин чунин раҳмати Аллоҳ Таъоло ба ғазабаш сабқат гирифта аст.



Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:


Матни ҳадис:

 لما قضى اللهُ الخلقَ ، كتب في كتابِه ، فهو عندَهُ فوقَ العرشِ : إِنَّ رحمتي غلبتْ غضَبِي

الراوي : أبو هريرة | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 5214 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه البخاري (3194) واللفظ له، ومسلم (2751)



Тарҷума:

Ҳангоми ки Аллоҳ Таъоло махлуқотро халқ кард, дар китоби назди худаш менавишт барои худаш ва назди худаш болои арш гузошта аст, чунин навишт: Дар ҳақиқат раҳмати ман ба ғазабам ғалаба пайдо мекунад.



Саҳеҳул-ҷомеъ рақами ( 5214 )




Матни ҳадис:

 إنَّ اللَّهَ كَتَبَ كِتابًا قَبْلَ أنْ يَخْلُقَ الخَلْقَ: إنَّ رَحْمَتي سَبَقَتْ غَضَبِي، فَهو مَكْتُوبٌ عِنْدَهُ فَوْقَ العَرْشِ ".

الراوي : أبو هريرة | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 7554 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه مسلم (2751) مختصراً باختلاف يسير



Тарҷума:

Дар ҳақиқат Аллоҳ Таъоло китобат кард пеш аз халқ кардани махлуқот:
Дар ҳақиқат раҳмати ман ба ғазабам сабқат гирифта аст, пас Аллоҳ Таъоло навишта шудаҳоро гузошта аст назди худаш болои арш.



Саҳеҳ Бухори рақами ( 7554 )
Саҳеҳ Муслим рақами (2751 )




Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки ин ҳадиси саҳеҳ як ҳуҷҷати бисёр қави аст барои касоне ки Аллоҳ Таъоло-ро зотан болои арш намедонанд.


Аллоҳ Таъоло аз махлукоти худ боло аст, на дар дохили махлуқот.


Аллоҳ Таъоло бо илми худ дохили махлуқот мебошад ва ҳеҷ чиз аз илми Аллоҳ Таъоло пӯшида нест.


Назди аҳли суннат ва чамоъат ин ақида аст, ки Аллоҳ Таъоло болои арш аст.
🐳21
Ҳадиси ( 531 )




Аллоҳ Таъоло бисёр меҳрубон аст ва ҳеҷ сабр кунанда мисли Аллоҳ Таъоло нест, ки дар баробари азият додани ӯ, бо сабр бошад.



Барои Аллоҳ Таъоло шарик қарор медиҳанд ва куфр меварзанд, сипас Аллоҳ Таъоло барои онҳо ризқу рӯзӣ медиҳад ва офият мебахшад.


Матни ҳадис:


لا أحَدَ أصْبَرُ علَى أذًى يَسْمَعُهُ مِنَ اللهِ عزَّ وجلَّ، إنَّه يُشْرَكُ به، ويُجْعَلُ له الوَلَدُ، ثُمَّ هو يُعافيهم ويَرْزُقُهُمْ. 7183- [...] حَدَّثَنا مُحَمَّدُ بنُ عبدِ اللهِ بنِ نُمَيْرٍ، وأَبُو سَعِيدٍ الأشَجُّ، قالا: حَدَّثَنا وكِيعٌ، حَدَّثَنا الأعْمَشُ، حَدَّثَنا سَعِيدُ بنُ جُبَيْرٍ، عن أبِي عبدِ الرَّحْمَنِ السُّلَمِيِّ، عن أبِي مُوسَى، عَنِ النبيِّ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلَّمَ بمِثْلِهِ، إلَّا قَوْلَهُ ويُجْعَلُ له الوَلَدُ فإنَّه لَمْ يَذْكُرْهُ.


الراوي : أبو موسى الأشعري | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم | الصفحة أو الرقم : 2804 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] | التخريج : أخرجه البخاري (7378) باختلاف يسير



Тарҷума:

Аз Абӯ Мусои Ашъари ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Ҳеҷ кас нест дар баробари азият шунидан бо сабртар аз Аллоҳ Таъоло, мардум иддаъо мекунанд, ки Аллоҳ фарзанд дорад, вале ӯ ба онон офият ( тандурусти ) ва ризқу рӯзӣ медиҳад
.


Саҳеҳ Муслим рақами ( 2804 )

Саҳеҳ Бухори рақами ( 7378 )




Матни ҳадис:


ليسَ أحَدٌ -أوْ ليسَ شَيءٌ- أصْبَرَ علَى أذًى سَمِعَهُ مِنَ اللَّهِ؛ إنَّهُمْ لَيَدْعُونَ له ولَدًا، وإنَّه لَيُعافيهم ويَرْزُقُهُمْ!


الراوي : أبو موسى الأشعري | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 6099 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه البخاري (6099)، ومسلم (2804)


Тарҷума:

Аз Абӯ Мусои Ашъари ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Ҳеҷ кас нест дар баробари азият шунидан бо сабртар аз Аллоҳ Таъоло, мардум иддаъо мекунанд, ки Аллоҳ фарзанд дорад, вале ӯ ба онон офият ( тандурусти ) ва ризқу рӯзӣ медиҳад
.



Саҳеҳ Бухори рақами ( 6099 )
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳу бародарони азиз!

Умедворам ки хуб ҳастед?


Куҷо ҳастанд дӯстдорони расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) ки дар асри фасод суннатро зинда гардонанд?


Бародарони азиз!


Канали моро ба дӯстони худ ирсол кунед, то суннати расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) зинда шавад.


Ай мунофиқон!

Ҳаргиз ба зидди суннати расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) мухолифат накунед, зеро рузе ояд, ки пушаймон хоҳед шуд ва бар шумо аз азоби Аллоҳ Таъоло наҷот диҳандаи ёфт нахоҳад шуд.


Бародарони муваҳид!

Танҳо бидуни тарсу ҳарос суннати расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم )-ро зинда гардонед ва муттаҳид шавед, зеро зинда кунандагони суннати расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) баланд мартаба ҳастанд.
🍓32💯1
Ҳадиси ( 532 )



Агар кадом ҳокими мусалмонҳо бо тариқи иҷтиҳоди дуруст ҳукм кард, ду савоб мегирад, аммо вақте ки ҳоким дар иҷтиҳодаш хато кард, пас як савоб мегирад.


Матни ҳадис:


إذا حَكَمَ الحاكِمُ فاجْتَهَدَ ثُمَّ أصابَ فَلَهُ أجْرانِ، وإذا حَكَمَ فاجْتَهَدَ ثُمَّ أخْطَأَ فَلَهُ أجْرٌ

الراوي : عمرو بن العاص | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 7352 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]



Тарҷума:


Аз Амр ибни Ос ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки гуфт:
Ман шунидам ки расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:


Агар ҳоким иҷтиҳод кунад ва ҳукме-ро содир кард, ки дуруст аст, ду савоб мегирад.
Агар иҷтиҳод кард ва ҳукме-ро содир кард, вале дар он, ( ҳукм ) хато кард, пас як савоб мегирад.


Саҳеҳ Бухори рақами ( 7352 )




Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки ҳукми адолат баровардан байни тарафайн аз ҷониби ҳоким ё қози шарт аст.

Иҷтиҳод кардан барои онҳо аз сабаби расидани илми ҳақ барояшон ва содир кардани ҳукм савоб дода мешавад.
Ҳадиси ( 533 )



Орзуи марг кардан ҷоиз нест, расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) манъ карданд.


Матни ҳадис:


- لا يَتَمَنَّى أحدُكم الموتَ ، إمَّا مُحْسِنًا ، فلَعَلَّه يَزدادُ ، وإمَّا مُسِيئًا فلَعَلَّه يَسْتَعْتِبُ


الراوي : أبو هريرة | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 7610 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه البخاري (7235)



Тарҷума:


Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:


Ҳеҷ яке аз шумо орзуи марг накунад, зеро ё шахси некӯкор аст, ки агар зинда монад, шояд ба некиҳояш изофа кунад ва ё шахси бадкирдор аст, ки агар зинда бимонад шояд тавба кунад.




Саҳеҳул-ҷомеъ рақами ( 7610)
Саҳеҳ Бухори рақами ( 7235 )




Матни ҳадис:


 لَنْ يُدْخِلَ أحَدًا عَمَلُهُ الجَنَّةَ. قالوا: ولا أنْتَ يا رَسولَ اللَّهِ؟ قالَ: لا، ولا أنا، إلَّا أنْ يَتَغَمَّدَنِي اللَّهُ بفَضْلٍ ورَحْمَةٍ، فَسَدِّدُوا وقارِبُوا، ولا يَتَمَنَّيَنَّ أحَدُكُمُ المَوْتَ: إمَّا مُحْسِنًا، فَلَعَلَّهُ أنْ يَزْدادَ خَيْرًا، وإمَّا مُسِيئًا، فَلَعَلَّهُ أنْ يَسْتَعْتِبَ.


الراوي : أبو هريرة | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 5673 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه البخاري (5673)، ومسلم (2816)



Тарҷума:


Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:


Ҳеҷ касеро амалаш вориди ҷаннат намекунад
Саҳоба гуфтанд:
Ай расули Аллоҳ! ( صلى الله عليه وسلم ) ҳатто шуморо?

Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:
Не, ҳатто маро ҳам ( вориди ҷаннат намекунад).
Магар ин ки фазл ва раҳмати Аллоҳ шомили ҳолам шавад, пас роҳи рост бидуни ифрот ва тафрит-ро пеш гиред ва миёна рави кунед.


Ҳеҷ яке аз шумо орзуи марг накунад, зеро ё шахси некӯкор аст, ки агар зинда монад, шояд ба некиҳояш изофа кунад ва ё шахси бадкирдор аст, ки агар зинда бимонад шояд тавба кунад.




Саҳеҳ Бухори рақами ( 5673)
Саҳеҳ Муслим рақами ( 2816 )
1👍1
Ҳадиси ( 534 )



Мӯъминон дар байни ҳамдигар барои дусти ва меҳрубони, мисли як бадан бошанд, зеро агар як аъзои бадан бемор бошад ва боқимондаи бадан ҳам бемор мешавад.


Матни ҳадис:


تَرَى المُؤْمِنِينَ في تَراحُمِهِمْ وتَوادِّهِمْ وتَعاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الجَسَدِ، إذا اشْتَكَى عُضْوًا تَداعَى له سائِرُ جَسَدِهِ بالسَّهَرِ والحُمَّى.

الراوي : النعمان بن بشير | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 6011 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]


Тарҷума:

Аз Нӯъмон ибни Башир ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Мӯъминон дар шафқат ва дӯстию меҳрубони бо якдигар мисли як бадан ҳастанд, ки агар узве аз он бадан дард кунад, дигар узвҳо беқарор мегарданд ва тасб мекунад.



Матни ҳадис:


مثلُ المؤمنين في تَوادِّهم ، وتَرَاحُمِهِم ، وتعاطُفِهِمْ . مثلُ الجسَدِ إذا اشتكَى منْهُ عضوٌ تدَاعَى لَهُ سائِرُ الجسَدِ بالسَّهَرِ والْحُمَّى

الراوي : النعمان بن بشير | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 5849 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه البخاري (6011)، ومسلم (2586) واللفظ له



Тарҷума:

Аз Нӯъмон ибни Башир ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Мӯъминон дар шафқат ва дӯстию меҳрубони бо якдигар мисли як бадан ҳастанд, ки агар узве аз он бадан дард кунад, дигар узвҳо беқарор мегарданд ва тасб мекунад.




Дар ҳақиқат, тарбияи Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) барои уммат хело муҳим буда аст, аз ин сабаб ки мӯъминон дар байни якдигар мисли як бадан ҳастанд, ки дар баробари якдигар меҳрубони ва дӯсти ҳамон гуна бошад, ки агар узве як бадан дард кунад ва дигар узвҳо ҳам шикоят мекунанд.

Дар ҷомеъа ин гуна будани мусалмонҳо ҳатми аст, ки аз дарди дигар мусалмонҳо бохабар бошанд, дар ҳоле ки агар онҳо бо ҳамдигар дӯсту меҳрубон бошанд.
Ҳадиси ( 535 )



Ҳар касе ин зикр-ро бо забонаш мегӯяд ва бо қалбаш тасдиқ мекунад ва ба талаботи он ҷавобгӯй аст, Аллоҳ Таъоло бандаги ӯро қабул мекунад.


Ин чунин ҳангоми бемор будан ин зикр-ро бигӯед, зеро агар вафот кардед, албатта бо изни Аллоҳ Таъоло дохили оташи дӯзах нахоҳед шуд.


Матни ҳадис:

من قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ واللَّهُ أكبرُ صدَّقهُ ربُّهُ فقالَ لا إلهَ إلَّا أنا وأنا أكبرُ وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ قالَ يقولُ لا إلهَ إلَّا أنا وحدي وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ لا شريكَ لهُ يقول لا إلهَ إلَّا أنا وحدي لا شريكَ لي وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ لهُ الملكُ ولهُ الحمدُ قالَ لا إلهَ إلَّا أنا ليَ الملكُ وليَ الحمدُ وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا باللَّهِ قالَ لا إلهَ إلَّا أنا ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا بي وكانَ يقولُ من قالَها في مرضِهِ ثمَّ ماتَ لم تطعمْهُ النَّارُ


الراوي : أبو سعيد الخدري وأبو هريرة | المحدث : ابن حجر العسقلاني | المصدر : هداية الرواة | الصفحة أو الرقم : 2/436 | خلاصة حكم المحدث : [حسن كما قال في المقدمة]



Тарҷума:

Аз Абӯ Саъиди Худри ва Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنهما ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Касе гӯяд:

من قالَ

لا إلهَ إلَّا اللَّهُ واللَّهُ أكبرُ

صدَّقهُ ربُّهُ فقالَ

( Тасдиқ кард ӯро парвардигораш)
Пас Аллоҳ Таъоло гуфт:

لا إلهَ إلَّا أنا وأنا أكبرُ


Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:

Ҳангоми ки гӯяд:

وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ


Аллоҳ Таъоло мегӯяд:


قالَ يقولُ لا إلهَ إلَّا أنا وحدي


Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:

Ҳангоми ки гӯяд:

وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ لا شريكَ لهُ

( Аллоҳ Таъоло мегӯяд:)


يقول لا إلهَ إلَّا أنا وحدي لا شريكَ لي


Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:

Ҳангоми гӯяд:

وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ لهُ الملكُ ولهُ الحمدُ


( Аллоҳ Таъоло мегӯяд:

قالَ لا إلهَ إلَّا أنا ليَ الملكُ وليَ الحمدُ


Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:
Ҳангоми ки гӯяд:

وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا باللَّهِ


( Аллоҳ Таъоло мегӯяд)

قالَ لا إلهَ إلَّا أنا ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا بي.


Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Касе ҳангоми ки мариз бошад ва гӯяд, сипас вафот кард, таъм намекунад ӯро оташи дӯзах.



Матни ҳадис:


مَن قالَ : لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ واللَّهُ أَكْبرُ ، صدَّقَهُ ربُّهُ ، وقالَ : لا إلَهَ إلَّا أَنا ، وأَنا أَكْبَرُ ، وإذا قالَ : لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ قالَ : يقولُ اللَّهُ : لا إلَهَ إلَّا أَنا وحدي ، وإذا قالَ : لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ لا شريكَ لَهُ ، قالَ اللَّهُ : لا إلَهَ إلَّا أَنا وَحدي لا شَريكَ لي ، وإذا قالَ : لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ لَهُ الملكُ ولَهُ الحمدُ ، قالَ اللَّهُ : لا إلَهَ إلَّا أَنا ، ليَ الملكُ وليَ الحمدُ ، وإذا قالَ : لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا باللَّهِ ، قالَ اللَّهُ : لا إلَهَ إلَّا أَنا ، ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا بي ، وَكانَ يقولُ : مَن قالَها في مرضِهِ ثمَّ ماتَ لم تَطعمهُ النَّارُ


الراوي : أبو سعيد الخدري وأبو هريرة | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الترمذي
الصفحة أو الرقم: 3430 | خلاصة حكم المحدث : صحيح



Тирмизи рақами ( 3430 )
1
Ҳадиси ( 536 )



Ҳар касе ки бо зарфҳои нуқрагин об менӯшад, бидонад ки аз оташи дӯзах дар ботини худ рехта аст.



Бо зарфҳои нуқрагин об нӯшидан ҳаром аст.



Матни ҳадис:

الَّذِي يَشْرَبُ في إناءِ الفِضَّةِ إنَّما يُجَرْجِرُ في بَطْنِهِ نارَ جَهَنَّمَ.

الراوي : أم سلمة أم المؤمنين | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 5634 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه البخاري (5634)، ومسلم (2065)




Тарҷума:


Аз умми Салама модари муъминон ( رضى الله عنها ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Ҳар касе ки дар зарфи нуқраги об бинӯшад, дар ҳақиқат оташи дузахро дар шикамаш мерезад.



Саҳеҳ Бухори рақами ( 5634 )
Саҳеҳ Муслим рақами ( 2065)




Матни ҳадис:


إنَّ الَّذي يشرَبُ في إناءِ الفضَّةِ فإنَّما يُجرجِرُ في بطنِه نارَ جهنَّمَ


الراوي : أم سلمة | المحدث : ابن حبان | المصدر : صحيح ابن حبان | الصفحة أو الرقم : 5341 | خلاصة حكم المحدث : أخرجه في صحيحه | التخريج : أخرجه البخاري (5634)، ومسلم (2065) باختلاف يسير




Тарҷума:


Аз умми Салама модари муъминон ( رضى الله عنها ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Ҳар касе ки дар зарфи нуқраги об бинӯшад, пас гӯё оташи дузахро дар шикамаш мерезад.



Ибни Ҳиббон рақами ( 5341)




Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки бисёриҳо аз сабаби лаззат бурдани чизҳои ноқизи дунё истифода мебаранд ва ифтихор мекунанд, аммо чунин амал кардан бисёр ҳасрат дорад дар рӯзи қиёмат.


Набояд амри дин паси чизҳои ноқизи дунё монад, зеро ҳар амри дин бояд муқаддам бошад ба чизҳои дунё.

Аз ин сабаб, бояд бидонем ки дар зарфҳои нуқрагин об нӯшидан ва ифтихор кардан ҳаром аст, зеро нофармони Аллоҳ Таъоло ва расулаш мегардад.
Ҳадиси ( 537 )



Тавҳиди ибодат!




Аввалин шарти сиҳати тавҳид ин илм аст ва дар муқоби он ҷаҳл мебошад.




Донистани ду рукни асоси калимаи тавҳид барои ҳар як марди мӯъмин ва муъмина фарзи айн аст, ин чунин ба талаботи онҳо ҷавобгӯи будан фарз аст.



Ҳатми мебошад донистани ин ки нест маъбуди ( барҳақ ) ҷуз Аллоҳ.



Аллоҳ Таъоло фармуда аст:



Матни оят:



﴿فَٱعۡلَمۡ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ ﴾




Тарҷума:

( Ай Муҳаммад! ) Пас бидон! Зеро нест маъбуди ( барҳақ) ҷуз Аллоҳ.



Сураи Муҳаммад ояти ( 19 )




Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ин калимаи тавҳид танҳо бо забон гуфтан кифоя кунанда нест, балки донистани маънои он ва ба талаботи он ақидатан ва амалан ҷавобгӯ будан фарз аст.


Матни ҳадис:


مَن ماتَ وهو يَعْلَمُ أنَّه لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ، دَخَلَ الجَنَّةَ.


الراوي : عثمان بن عفان | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم
الصفحة أو الرقم: 26 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه أحمد (464)، وابن حبان (201)، والطبراني في ((الأوسط)) (1663) واللفظ لهم جميعا




Тарҷума:


Аз Усмон ибни Аффон ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Касе вафот кард ва медонист, ки нест маъбуди (барҳақ ) ҷуз Аллоҳ, дохили ҷаннат мешавад.



Саҳеҳ Муслим рақами ( 26 )
Имом Аҳмад рақами ( 464 )
Ибни Ҳиббон рақами ( 201 )
1
Ҳадиси ( 538 )



Шаҳодат додани ин ки нест маъбуди ( барҳақ ) ҷуз Аллоҳ, наҷот аз оташи дӯзах аст.




Ҳар касе ки шаҳодати ( гувоҳи ) воқеъи медиҳад ки нест маъбуди барҳақ дар ибодат кардан, ҷуз Аллоҳ ва бо қалбаш тасдиқ мекунад ва бо амали қалби ва ҷавориҳи худ ҷавобгӯ аст ба талаботи он, дохили ҷаннат мешавад.



Матни ҳадис:

مَن شَهِد أن لا إله إلا اللهُ دخل الجنةَ

الراوي : عبدالله بن عمر | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع
الصفحة أو الرقم: 6318 | خلاصة حكم المحدث : صحيح
التخريج : أخرجه البزار (174)، والطبراني في ((الدعاء)) (1461)، وتمام في ((فوائده)) (1348) واللفظ لهم




Тарҷума:


Аз АбдуЛлаҳ ибни Умар ( رضى الله عنهما ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:


Касе шаҳодат дод, ки нест маъбуди ( барҳақ ) ҷуз Аллоҳ, дохили ҷаннат мешавад.


Саҳеҳул-ҷомеъ рақами ( 6318 )




Аммо дуруст фаҳм карда шавад, ки танҳо шаҳодат додан ба ин ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ, сабаби дохил шудан ба ҷаннат намегардад, зеро сабаби дохил шудан ба ҷаннат бо шаҳодатайн яқин бошад.


Шаҳодатайн:



Нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули Аллоҳ аст.

Асли аввалин рукни асосӣ дини Ислом ва дохил шудан ба ҷаннат, ин гувоҳи додан ба ин аст, ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули Аллоҳ аст.
Ҳадиси ( 539 )



Шарти сиҳати калимаи тавҳиди ибодат, яқин аст ки дар муқобили он шаку шубҳа мебошад.


Ҳатми мебошад барои гӯяндаи калимаи тавҳиди ибодат бо илми яқин, то ин ки дар он шаку шубҳа набошад ягон зарра.

Ҳар касе ки бо тариқи шубҳа калимаи тавҳиди ибодат-ро бо забонаш мегӯяд, муъмин гуфта намешавад.



Аллоҳ Таъоло фармуда аст:



Матни оят:

﴿إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ لَمۡ يَرۡتَابُواْ وَجَٰهَدُواْ بِأَمۡوَٰلِهِمۡ وَأَنفُسِهِمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصَّٰدِقُونَ ١﴾


Тарҷума:


Муъминони воқеъи касоне ҳастанд, ки имон овардаанд ба Аллоҳ ва расулаш, сипас шаку шубҳа накарданд ва дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод карданд бо молу ҷонҳояшон, онон содиқон ҳастанд.



Сураи Ҳуҷурот ояти ( 15 )




Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:


Матни ҳадис:


- أشهَدُ أنْ لا إلهَ إلَّا اللهُ ، و أنِّي رسولُ اللهِ ، لا يلْقَى اللهَ بِهِما عبدٌ غيرُ شاكٍّ فِيهِما إلَّا دخَلَ الجنةَ

الراوي : أبو هريرة | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 1009 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه مسلم (27)




Тарҷума:

Шаҳодат медиҳам ки нест маъбуди барҳақ ҷуз Аллоҳ ва дар ҳақиқат ман расули Аллоҳ ҳастам.

Мулоқот намекунад банда парвардигори худ-ро бо ҳарду ( тавҳид ва рисолати ман ) бидуни шаку шубҳа, магар ин ки дохили ҷаннат мешавад.



Саҳеҳул-ҷомеъ рақами ( 1009 )



Саҳеҳ Муслим рақами ( 27 )




Аз ин сабаб дуюм шарти сиҳати калимаи тавҳиди ибодат ( لا اله بالحق الا الله ) яқин аст ва бидуни яқин доштан мавриди қабул нест ва муъмин гуфта намешавад.
Ҳадиси ( 540 )



Имони яқин доштан ба якаву ягонаги Аллоҳ Таъоло мавриди қабули дуъои банда аст, ки Аллоҳ Таъоло барояш мебахшад гуноҳони ӯро ва барояш офияти дорайн насиб мегардонад.


Аз Рифоъа ибни Рофеъ ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки гуфт:

Абу Бакри Сиддиқ ( رضى الله عنه ) бар минбар рост шуд сипас гиря кард, пас гуфт:

Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) дар соли аввал бар болои минбар рост шуд ва гиря кард, сипас гуфт:



Матни ҳадис:

عن رفاعة بن رافع] قال: قامَ أبو بَكرٍ الصِّدِّيقُ على المنبرِ ثمَّ بَكى فقالَ قامَ رسولُ اللَّهِ صلَّى اللَّه عليه وسلم عامَ الأوَّلِ على المنبرِ ثمَّ بَكى فقالَ سلوا اللَّهَ العفوَ والعافيةَ فإنَّ أحدًا لم يُعطَ بعدَ اليقينِ خيرًا منَ العافيةِ


الراوي : أبو بكر الصديق | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الترمذي
الصفحة أو الرقم: 3558 | خلاصة حكم المحدث : حسن صحيح
التخريج : أخرجه الترمذي (3558)، واللفظ له، وابن ماجه (3849)، والنسائي في ((السنن الكبرى)) (10652)، باختلاف يسير.




Тарҷума:

Аз Аллоҳ бипурсед бахшиш барои гуноҳ-ҳоятон ва офият, пас дар ҳақиқат касеро ато карда намешавад хайр аз офият баъди яқин.



Саҳеҳут-Тирмизи рақами ( 3558 )
Ибни Моҷа рақами ( 3849 )
Насои рақами ( 10652 )


Хуб мутаваҷҷеҳ бошем, ки банда бе гуноҳ ё хато нест ва ба офияти дорайн ниёз дорад, аз ин сабаб расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) бар уммати худ амр карданд, ки аз Аллоҳ Таъоло ин дуро бисёр талаб кунанд.



Ҳангоми дуъо кардан ба Аллоҳ Таъоло имони яқини бидуни шаку шубҳа доштан ҳатми аст, зеро ба итмом намерасад салоҳи банда ва саъодати банда дар дорайн магар бо яқин доштан дар ягонаги Аллоҳ Таъоло.



Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) бо тариқи ваҳи аз ҷониби Аллоҳ Таъоло медонистанд, ки умматаш ба фитнаҳои бузург рӯбарӯ хоҳанд шуд ва барои наҷоти онҳо ин дуъоро таълим доданд, бо яқин дуъо кунанд.
1👍1
Ин канали тафсири Қуръон бо тарҷумаи тоҷики!

Ҳаловат баред!
😭54👍4🏆4