احاديث صحيح!
38 subscribers
4 links
Download Telegram
Ҳадиси ( 518 )



Агар намози аср қазо шавад, сипас метавонам, баъди намози мағриб адо кунам ё пеш аз намози мағриб?


Бале, бо тибқи амали Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) намози асри ҳамон рӯза-ро бояд пеш аз намози мағриб баъди ғуруби офтоб хонда шавад, сипас намози мағриб.


Матни ҳадис:


 أنَّ عُمَرَ بنَ الخَطَّابِ، يَومَ الخَنْدَقِ جَعَلَ يَسُبُّ كُفَّارَ قُرَيْشٍ، وَقالَ: يا رَسولَ اللهِ،، وَاللَّهِ ما كِدْتُ أَنْ أُصَلِّيَ العَصْرَ حتَّى كَادَتْ أَنْ تَغْرُبَ الشَّمْسُ، فَقالَ رَسولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلَّمَ: فَوَاللَّهِ إنْ صَلَّيْتُهَا، فَنَزَلْنَا إلى بُطْحَانَ، فَتَوَضَّأَ رَسولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلَّمَ وَتَوَضَّأْنَا، فَصَلَّى رَسولُ اللهِ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلَّمَ العَصْرَ بَعْدَ ما غَرَبَتِ الشَّمْسُ، ثُمَّ صَلَّى بَعْدَهَا المَغْرِبَ.

الراوي : جابر بن عبدالله | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم | الصفحة أو الرقم : 631 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]



Тарҷума:

Аз Ҷобир ибни АбдуЛлаҳ ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки гуфт:
Пас аз ғуруби рӯзи Хандақ, Умари Форуқ ( رضى الله عنه ) дар ҳоле ки куфори Қурайш-ро нафрин мекард, назди Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) расид ва гуфт:
Ай Расули Аллоҳ! ( صلى الله عليه وسلم ) Ман намози аср-ро наздики ғуруби офтоб барпо кардам.
Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуд:
Қасам ба Аллоҳ, ман ҳанӯз намози аср-ро барпо накардаам.
Баъд аз он, ба Бутҳон рафтем ва таҳорат кардем ва Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) баъд аз ғуруби офтоб, аввал намози аср-ро барпо карданд, сипас намози мағриб-ро.



Матни ҳадис:


أنَّ عُمَرَ بنَ الخَطَّابِ، جَاءَ يَومَ الخَنْدَقِ، بَعْدَ ما غَرَبَتِ الشَّمْسُ فَجَعَلَ يَسُبُّ كُفَّارَ قُرَيْشٍ، قَالَ: يا رَسولَ اللَّهِ ما كِدْتُ أُصَلِّي العَصْرَ، حتَّى كَادَتِ الشَّمْسُ تَغْرُبُ، قَالَ النبيُّ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ: واللَّهِ ما صَلَّيْتُهَا فَقُمْنَا إلى بُطْحَانَ، فَتَوَضَّأَ لِلصَّلَاةِ وتَوَضَّأْنَا لَهَا، فَصَلَّى العَصْرَ بَعْدَ ما غَرَبَتِ الشَّمْسُ، ثُمَّ صَلَّى بَعْدَهَا المَغْرِبَ.

الراوي : جابر بن عبدالله | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 596 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]



Тарҷума:

Аз Ҷобир ибни АбдуЛлаҳ ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки гуфт:
Пас аз ғуруби рӯзи Хандақ, Умари Форуқ ( رضى الله عنه ) дар ҳоле ки куфори Қурайш-ро нафрин мекард, назди Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) расид ва гуфт:
Ай Расули Аллоҳ! ( صلى الله عليه وسلم ) Ман намози аср-ро наздики ғуруби офтоб барпо кардам.
Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуд:
Қасам ба Аллоҳ, ман ҳанӯз намози аср-ро барпо накардаам.
Баъд аз он, ба Бутҳон рафтем ва таҳорат кардем ва Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) баъд аз ғуруби офтоб, аввал намози аср-ро барпо карданд, сипас намози мағриб-ро.



Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки аз назари илми фиқҳи агар шахсе дар ҳаёташ панҷ вақт намози қазои надошта бошад, соҳиб тартиб мегӯянд, барои ҳамин агар намозаш қазо шуд, бояд аввал намози қазоияш-ро барпо кунад, сипас намози вақтияш-ро.
Ҳадиси ( 519 )



Оё Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) вақте ки имомати мекарданд дар масҷид ва баъди қироъати охири сураи фотиҳа, ( Амин)-ро баланд мегуфтанд ё паст?

Чихеле ки аз ҳадисҳои саҳеҳ собит шуда аст, Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) баъди охири сураи фотиҳа, ( Амин)-ро баланд мегуфтанд бо овози кашида.


Матни ҳадис:


كان رسولُ اللهِ صلَّى اللهُ عليه وسلم إذا قرأ { وَلَا الضَّالِّينَ } قال : آمينَ ورفع بها صوتَهُ

الراوي : وائل بن حجر | المحدث : الألباني | المصدر : أصل صفة الصلاة | الصفحة أو الرقم : 1/373 | خلاصة حكم المحدث : صحيح



Тарҷума:

Аз Воил ибни Ҳуҷр ( رضى الله عنه ) ривоят шуда аст ки гуфт:
Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) вақте ки қироъат кард

{ وَلَا الضَّالِّينَ } 

ва гуфт ( Амин ) ва баланд мекард бо он ( Амин гуфтан) овозаш-ро.



Матни ҳадис:


سَمِعْتُ النَّبيَّ صلَّى اللَّهُ عليهِ وسلَّمَ قَرأَ : (غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ ) وقالَ آمين ، ومدَّ بِها صوتَهُ

الراوي : وائل بن حجر | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الترمذي
الصفحة أو الرقم: 248 | خلاصة حكم المحدث : صحيح



Тарҷума:

Аз Воил ибни Ҳуҷр ( رضى الله عنه ) ривоят шуда аст ки гуфт:
Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) вақте ки қироъат кард

(غَيْرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَلَا الضَّالِّينَ )


ва гуфт ( Амин ) ва баланд мекашид бо он ( Амин гуфтан) овозаш-ро.


Албатта дуруст фаҳм карда шавад, аз назари ҳадиси саҳеҳ баланд гуфтанд суннат аст, зеро Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) овози муборакашон-ро баланд карданд ва ин чунин мекашиданд.
Ҳадиси ( 520 )



Агар дар намоз хамиёза кашидед, бояд бо дастатон даҳонро бипушонед, то шайтон дохили он нагардад.



Матни ҳадис:


إذا تثاءَب أحدُكم فلْيَضَعْ يدَه على فيه ؛ فإنّ الشيطانَ يدخُلُ مع التَّثاؤُبِ

الراوي : أبو سعيد الخدري | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 426 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه أحمد (11341)، وعبد بن حميد في ((مسنده)) (907)، والديلمي في ((الفردوس)) (1212)



Тарҷума:

Аз Абӯ Саъиди Худри ( رضى الله عنه ) ривоят шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Вақте ки хамиёза кашид яке аз шумо, пас бигзорад дасташро ба даҳонаш, зеро шайтон дохил мешавад бо ҳамроҳи хамиёза.




Матни ҳадис:

إذا تَثاءَبَ أحَدُكُمْ، فَلْيُمْسِكْ بيَدِهِ علَى فِيهِ، فإنَّ الشَّيْطانَ يَدْخُلُ.

الراوي : أبو سعيد الخدري | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم
الصفحة أو الرقم: 2995 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : من أفراد مسلم على البخاري




Тарҷума:

Аз Абӯ Саъиди Худри ( رضى الله عنه ) ривоят шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Вақте ки хамиёза кашид яке аз шумо, пас бигзорад дасташро ба даҳонаш, зеро шайтон дохил мешавад.



Матни ҳадис:

عَنِ أَبِي سَعِيدٍ الْخُدْرِيِّ رضى الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم: «إِذَا تَثَاوَبَ أَحَدُكُمْ فِي الصَّلاَةِ فَلْيَكْظِمْ مَا اسْتَطَاعَ، فَإِنَّ الشَّيْطَانَ يَدْخُلُ». وَ فِي رِوَايَةٍ: «فَلْيُمْسِكْ بِيَدِهِ عَلَى فِيهِ فَإِنَّ الشَّيْطَانَ يَدْخُلُ». (م/2995)



Тарҷума:

Аз Абӯ Саъиди Худри ( رضى الله عنه ) ривоят шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Ҳаргоҳ яке аз шумо хост дар намоз хамиёза бикашад, то метавонад пеши онро бигирад, зеро шайтон дохили ( даҳон ) мешавад.
Дар дигар ривоят омада аст, ки бо дасташ пеши даҳонашро бигирад зеро шайтон дохили ( даҳонаш ) мешавад.



Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки бо ин тариқ амал кардан суннати Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) аст.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳу бародарони азиз!

Умедворам ки хуб ҳастед?

Ин шаа Аллоҳ

Бародарони азиз!

Ҳамин канали моро ба ҳамаи мусалмонҳо ирсол кунед то дар ин рӯзи ид тӯҳфаи беҳтарин шавад барояшон.

Як ҳадисро хонанд ва амал кунанд, ин шаа Аллоҳ савоби хонанда ва амал кунанда бароятон навишта мешавад.

Ҳар касе расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم )-ро дуст медорад, бояд суннатро зинда гардонад.

Имрӯз мебинем ки суннат хоб аст ва мову шумо кушиш кунем то зинда гардонем бо изни Аллоҳ Таъоло.

Аллоҳ Таъоло аз мову шумо рози бошад.


Танҳо ба пеш ба хотири ризои Аллоҳ Таъоло.
3
Ҳадиси ( 521 )




Яке аз амали қалб ин аст, ки куфр, ширк, зулм, фисқ ва нифоқ-ро бад бинаду ва амалан аз онҳо дури кунанд.


Аллоҳ Таъоло дар Қуръон баён карда аст:


Матни оят:


﴿ وَكَرَّهَ إِلَيۡكُمُ ٱلۡكُفۡرَ وَٱلۡفُسُوقَ وَٱلۡعِصۡيَانَۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلرَّٰشِدُونَ﴾


Тарҷума:

Аллоҳ куфр ва фисқ ва исён-ро дар назари шумо нохушоянд ва зишт қарор дода аст, пас инҳо рошидон ҳастанд.

Сураи Ҳуҷурот ояти ( 7 ).



Ҳар касе ки баъди имон овардан ва ширку куфр ва зулму нифоқ ва фисқу нофармони Аллоҳ Таъоло ва Расулаш-ро бад бинад ва амалан аз онҳо дури кунад, албатта Аллоҳ Таъоло онҳоро ҳидоят карда аст.



Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) дар рӯзи ҷанги уҳуд чунин дуъо мекарданд.


Матни ҳадис:

اللهمَّ حبِّبْ إلينا الإيمانَ وزيِّنْه في قلوبِنا وكرِّهْ إلينا الكفرَ والفسوقَ والعصيانَ واجعلنا من الراشدينَ.


الراوي : رفاعة بن رافع | المحدث : الهيثمي | المصدر : مجمع الزوائد
الصفحة أو الرقم : 6/124 | خلاصة حكم المحدث : رجاله رجال الصحيح



Тарҷума:

Парвардигор-ро! Имон-ро барои мо дӯстдошт-тарин қарор бидеҳ ва онро дар қалбҳоямон зиннат деҳ ва куфру фисқу исён-ро назди мо манфур гардон ва моро аз рошидон қарор бидеҳ.



Китоби маҷмӯъал-завоид рақами ( 6/124 ).



Яке аз неъматҳои бузурги Аллоҳ Таъоло барои инсони аст, ки дар қалбаш ширк, куфр ва зулму фисқ ва нифоқу исён-ро бад бинанд ва аз онҳо бо тариқи амали дури кунанд.
Ҳадиси ( 522 )




Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) бо тариқи ваҳи аз ҷониби Аллоҳ Таъоло хабар дода аст, ки баъди вафоташ яке аз нишонаҳои хурди пеш аз қиёмат воқеъ хоҳад шуд.

Ин нишонаи хурди пеш аз воқеъ шудани рӯзи қиёмат, ин аст ки байни ду гурӯҳи бузург, ки ҳар дуи он гурӯҳ ба сӯйи як дин даъват мекунанд ва дар байни онҳо қатл бисёр анҷом мегирад.



Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:


Матни ҳадис:

لا تَقُومُ السَّاعَةُ حتَّى يَقْتَتِلَ فِئَتانِ فَيَكونَ بيْنَهُما مَقْتَلَةٌ عَظِيمَةٌ، دَعْواهُما واحِدَةٌ.

الراوي : أبو هريرة | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 3609 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]




Тарҷума:

То замоне ки ду гурӯҳи бузург ки ба сӯйи як чиз даъват медиҳанд, ҷанг накунанд бо якдигар ва куштори бузурге байни онҳо анҷом нагирад, қиёмат барпо нахоҳад шуд.



Матни ҳадис:


عَن ابي هُرَيْرَةَ رضى الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم: «لاَ تَقُومُ السَّاعَةُ حَتَّى تَقْتَتِلَ فِئَتَانِ عَظِيمَتَانِ، وَتَكُونُ بَيْنَهُمَا مَقْتَلَةٌ عَظِيمَةٌ، وَدَعْوَاهُمَا وَاحِدَةٌ». (م/157)



Тарҷума:

То замоне ки ду гурӯҳи бузург ки ба сӯйи як чиз даъват медиҳанд, ҷанг накунанд бо якдигар ва куштори бузурге байни онҳо анҷом нагирад, қиёмат барпо нахоҳад шуд.



Матни ҳадис:

- لا تقومُ الساعةُ حتى تُقتلَ فئتانِ عظيمتانِ دعواهما واحدةٌ.

الراوي : أبو هريرة | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 7417 | خلاصة حكم المحدث : صحيح


Тарҷума:

То замоне ки ду гурӯҳи бузург ки ба сӯйи як чиз даъват медиҳанд, ҷанг накунанд бо якдигар ва куштори бузурге байни онҳо анҷом нагирад, қиёмат барпо нахоҳад шуд.



Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки аҳли илм ба назари ин хабари Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) чунин баён карданд:


Ин фитнаи бузург дар байни ду ҷамоъати бузург, ки байни Али ибни Абутолиб ва Муъовия ( رضى الله عنهما ) гузашта аст.

Ин воқеъа баъди сию ҳафт соли ҳиҷри воқеъ шуд, ки ҳардуйи ҷамоъати буданд ва ба сӯйи як чиз даъват мекарданд.


Дар ҳақиқат ин хабари Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) яке аз мӯъҷизаҳо ба шумор меравад.
Ҳадиси ( 523 )




Афзалтарин мусалмон ҳамон мусалмоне ҳаст ки касе аз забону дасти ӯ азият набинад.


Матни ҳадис:

- سُئلَ رسولُ اللَّهِ صلَّى اللَّهُ عليهِ وسلَّمَ أيُّ المسلمينَ أفضلُ قالَ من سلِمَ المسلمونَ من لسانِهِ ويدِهِ

الراوي : أبو موسى الأشعري | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الترمذي | الصفحة أو الرقم : 2504 | خلاصة حكم المحدث : صحيح


Тарҷума:

Аз Абӯ Мусои Ашъари ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки аз Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) пурсиданд.
Кадом мусалмон ( назди Аллоҳ Таъоло) афзалтар аст?
Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Касе аст, ки дигар мусалмонҳо аз забону дасташ солим бошанд.



Матни ҳадис:

قالوا يا رَسولَ اللَّهِ، أيُّ الإسْلَامِ أفْضَلُ؟ قالَ: مَن سَلِمَ المُسْلِمُونَ مِن لِسَانِهِ، ويَدِهِ.

الراوي : أبو موسى الأشعري | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 11 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]



Тарҷума:

Аз Абӯ Мусои Ашъари ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки ба Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфтанд:
Кадом ислом афзалтар аст ( назди Аллоҳ Таъоло)?
Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Касе аст, ки дигар мусалмонҳо аз забону дасташ солим бошанд.



Ба ин ҳадисҳои Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) хуб мутаваҷҷеҳ ва бо тафаккур бошед.
Ҳадиси ( 524 )





Васияти Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) барои мусалмонҳо ин аст, ки дар баробари бародарони дини худатон ин амалҳоро анҷом надиҳед, зеро ҳаром мебошанд.


1) Ҳасад наварзед.

2) Душмани накунед.

3) Аз бародарат пуштатро нагардон.

4) Бародаратро таҳқир ва паст назан.

5) Мол, ҷон ва обуруйи бародарат барои ту ҳаром аст.

6) Дар болои муъомилаи бародарат муъомила накун.




Матни ҳадис:


لا تَحاسَدُوا، ولا تَناجَشُوا، ولا تَباغَضُوا، ولا تَدابَرُوا، ولا يَبِعْ بَعْضُكُمْ علَى بَيْعِ بَعْضٍ، وكُونُوا عِبادَ اللهِ إخْوانًا. المُسْلِمُ أخُو المُسْلِمِ، لا يَظْلِمُهُ، ولا يَخْذُلُهُ، ولا يَحْقِرُهُ. التَّقْوَى هاهُنا. ويُشِيرُ إلى صَدْرِهِ ثَلاثَ مَرَّاتٍ. بحَسْبِ امْرِئٍ مِنَ الشَّرِّ أنْ يَحْقِرَ أخاهُ المُسْلِمَ. كُلُّ المُسْلِمِ علَى المُسْلِمِ حَرامٌ؛ دَمُهُ، ومالُهُ، وعِرْضُهُ.

الراوي : أبو هريرة | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم
الصفحة أو الرقم: 2564 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه البخاري (6064) مختصراً، ومسلم (2564).



Тарҷума:


Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Ҳасад наварзед, нархи молҳоро боло набаред бидуни ин ки нияти харид дошта бошед, бо якдигар душмани накунед, бар якдигар пушт накунед, бар муъомилаи дигарон муъомила накунед, мусалмон бародари мусалмон аст ба ӯ зулм намекунад ва ӯро танҳо намегузорад ва ба ӯ таҳқир намекунад.
Сипас Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) бо дасташон ишора кардан ба қалбашон ва се маротиба гуфтанд:
Тақво инҷост, ҳамин гуноҳ ва таҳқир барои як шахс кофи аст, ки бародари мусалмони худро таҳқир кунад, хун ва молу обурӯи як мусалмон бар мусалмони дигар ҳаром аст.



Матни ҳадис:


- لا تحاسَدُوا ، ولا تناجَشُوا ، ولا تباغَضُوا ولا تدابَرُوا ، ولا يبِعْ بعضُكمْ على بيعِ بعضٍ ، وكُونُوا عبادَ اللهِ إخوانًا ، المسلِمُ أخُو المسلِمِ ، لا يَظلِمُهُ ولا يَخذُلُهُ ، ولا يَحقِرُهُ ، التَّقْوى ههُنا – وأشارَ إلى صدْرِهِ – بِحسْبِ امْرِئٍ من الشَّرِّ أنْ يَحقِرَ أخاهُ المسلِمَ ، كلُّ المسلِمِ على المسلِمِ حرامٌ ، دمُهُ ، ومالُهُ ، وعِرضُهُ

الراوي : أبو هريرة | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 7242 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه البخاري (6064) مختصراً، ومسلم (2564) باختلاف يسير



Тарҷума:


Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Ҳасад наварзед, нархи молҳоро боло набаред бидуни ин ки нияти харид дошта бошед, бо якдигар душмани накунед, бар якдигар пушт накунед, бар муъомилаи дигарон муъомила накунед, мусалмон бародари мусалмон аст ба ӯ зулм намекунад ва ӯро танҳо намегузорад ва ба ӯ таҳқир намекунад.
Сипас Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) бо дасташон ишора кардан ба қалбашон ва се маротиба гуфтанд:
Тақво инҷост, ҳамин гуноҳ ва таҳқир барои як шахс кофи аст, ки бародари мусалмони худро таҳқир кунад, хун ва молу обурӯи як мусалмон бар мусалмони дигар ҳаром аст.




Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки агар то гуфтаи Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) амали нашавад дар байни мусалмонҳо ва ҳаргиз мусалмонҳо пирӯз намешаванд ё растагор намегарданд.

Дар ҳақиқат, аз ин ҳадиси Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фаҳмида мешавад, ки амалҳои дар зер зикр шуда ҳаром ҳастанд барои мусалмонҳо.




1) Ҳасад наварзед.

2) Душмани накунед.

3) Аз бародарат пуштатро нагардон.

4) Бародаратро таҳқир ва паст назан.

5) Мол, ҷон ва обуруйи бародарат барои ту ҳаром аст.

6) Дар болои муъомилаи бародарат муъомила накун.



Ҳеҷ мусалмоне ҳақ надорад нисбати бародари дини худ бадхоҳ ё ҳасад кунанда бошад, зеро ҳамаи душмани-ҳо дар байни мусалмонҳо аз бадхоҳи ва ҳасад оғоз меёбад.


Аз бародари муъмин пушт гардондан ва ӯро таҳқир кардан низ ҳаром аст, зеро таҳқир кардани як мусалмон, таҳқир кардани худи ҳамон шахс аст.

Бар молу ҷону обуруйи як мусалмон хиёнат кардан ҳам ҳаром аст.

Муъмини воқеъи ҳаргиз ба ин амалҳои ҳаром даст намезанад.
Ҳадиси ( 525 )




Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуд:


Матни ҳадис:

 ما بيْنَ النَّفْخَتَيْنِ أرْبَعُونَ، قالَ: أرْبَعُونَ يَوْمًا؟ قالَ: أبَيْتُ، قالَ: أرْبَعُونَ شَهْرًا؟ قالَ: أبَيْتُ، قالَ: أرْبَعُونَ سَنَةً؟ قالَ: أبَيْتُ، قالَ: ثُمَّ يُنْزِلُ اللَّهُ مِنَ السَّماءِ ماءً فَيَنْبُتُونَ كما يَنْبُتُ البَقْلُ، ليسَ مِنَ الإنْسانِ شَيءٌ إلَّا يَبْلَى، إلَّا عَظْمًا واحِدًا، وهو عَجْبُ الذَّنَبِ، ومِنْهُ يُرَكَّبُ الخَلْقُ يَومَ القِيامَةِ.

الراوي : أبو هريرة | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 4935 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه البخاري (4935)، ومسلم (2955)



Тарҷума:


Фосилаи байни ду сур, ( барои рӯзи қиёмат) чиҳил аст.
Мардум гуфтанд: Ай Абӯ Ҳурайра! ( رضى الله عنه )!
Чиҳил рӯз аст?
Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) гуфт: Дар ин маврид мутмаъин нестам, ( намедонам).
Мардум гуфтанд: Чиҳил сол аст?
Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) гуфт: Дар ин маврид мутмаъин нестам.
Мардум гуфтанд: Чиҳил моҳ аст?
Абӯ Ҳурайра (رضى الله عنه ) гуфт:
Дар ин маврид мутмаъин нестам.
Сипас гуфт: Аллоҳ Таъоло оби аз осмон нозил мекунад, он вақт инсонҳо монанди руйидани гиёҳ-ҳо мерӯянд ва тамоми аъзои бадани инсони аз байн меравад магар устағони бехи думаш, ки рӯзи қиёмат, халқ шудан аз он шурӯъ мешавад.



Саҳеҳ Бухори рақами ( 4935 ).

Саҳеҳ Муслим рақами ( 2955 ).



Матни ҳадис:

- ما بيْنَ النَّفْخَتَيْنِ أرْبَعُونَ. قالوا: يا أبا هُرَيْرَةَ أرْبَعُونَ يَوْمًا؟ قالَ: أبَيْتُ، قالوا: أرْبَعُونَ شَهْرًا؟ قالَ: أبَيْتُ، قالوا: أرْبَعُونَ سَنَةً؟ قالَ: أبَيْتُ، ثُمَّ يُنْزِلُ اللَّهُ مِنَ السَّماءِ ماءً فَيَنْبُتُونَ، كما يَنْبُتُ البَقْلُ. قالَ: وليسَ مِنَ الإنْسانِ شيءٌ إلَّا يَبْلَى، إلَّا عَظْمًا واحِدًا، وهو عَجْبُ الذَّنَبِ، ومِنْهُ يُرَكَّبُ الخَلْقُ يَومَ القِيامَةِ.

الراوي : أبو هريرة | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم | الصفحة أو الرقم : 2955 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] | التخريج : أخرجه البخاري (4814)، ومسلم (2955)



Тарҷума:



Фосилаи байни ду сур, ( барои рӯзи қиёмат) чиҳил аст.
Мардум гуфтанд: Ай Абӯ Ҳурайра! ( رضى الله عنه )!
Чиҳил рӯз аст?
Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) гуфт: Дар ин маврид мутмаъин нестам, ( намедонам).
Мардум гуфтанд: Чиҳил сол аст?
Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) гуфт: Дар ин маврид мутмаъин нестам.
Мардум гуфтанд: Чиҳил моҳ аст?
Абӯ Ҳурайра (رضى الله عنه ) гуфт:
Дар ин маврид мутмаъин нестам.
Сипас гуфт: Аллоҳ Таъоло оби аз осмон нозил мекунад, он вақт инсонҳо монанди руйидани гиёҳ-ҳо мерӯянд ва тамоми аъзои бадани инсони аз байн меравад магар устағони бехи думаш, ки рӯзи қиёмат, халқ шудан аз он шурӯъ мешавад.



Саҳеҳ Бухори рақами ( 4814 ).

Саҳеҳ Муслим рақами ( 2955 ).
Ҳадиси ( 526 )



Се нафар дохили ҷаннат намешаванд, то ин ки тавба накунанд.

1) Оқи волидайн.
2) Миннат кунанда дар корҳои хайраш.
3) Доимо шароб нӯшада, ( ба шароб нӯшидан бисёр одат дорад).




Матни ҳадис:

لا يدخلُ الجنَّةَ منَّانٌ، ولا عاقٌّ، ولا مُدمنُ خمرٍ


الراوي : عبدالله بن عمرو | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح النسائي
الصفحة أو الرقم: 5688 | خلاصة حكم المحدث : صحيح
التخريج : أخرجه أحمد (6882)، والدارمي (2094)، وابن حبان (3384)



Тарҷума:

Аз АбдуЛлаҳ ибни Амр ( رضى الله عنهما ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:


Дохили ҷаннат намешавад, миннат кунанда, оқи падару модар ва мудминул-хамр.


Саҳеҳун-Насои рақами ( 5688)
Муснади имом Аҳмад рақами ( 6882)
Дорами рақами ( 2094 )
Ибни Ҳиббон рақами ( 3384 )



Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки ин гуна шахсҳо агар дар дунё тавба кардан ва ин навъ ахлоқи бад даст кашидан, бахшида мешаванд ва ин шаа Аллоҳ дохили ҷаннат мешаванд.

Миннат кардан ба корҳои нек ё садақаи худ, ботил кунандаи онҳо мегардад.

Оқи волидайн бисёр гуноҳи бузург аст, зеро ҳуқуқи онҳоро риъоят накардан аст.



Шароби маст кунанда мутобиқи шариъати Ислом ҳаром аст, аз ин сабаб ҳар касе ки одат дошта бошад ба нӯшидани он ва бо ҳамон одати худ вафот кард, дохили ҷаннат намешавад.
1
Ҳадиси ( 527 )




Касе бо зани мушрика ҳам-хобаги кунад ва бо ӯ зиндаги кунад, дар ҳақиқат мисли ӯ мебошад.



Аз Самура ибни Ҷундаб ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:



Матни ҳадис:

من جامعَ المشرِكَ وسَكنَ معَهُ فإنَّهُ مثلُهُ


الراوي : سمرة بن جندب | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح أبي داود
الصفحة أو الرقم: 2787 | خلاصة حكم المحدث : صحيح
التخريج : أخرجه أبو داود (2787)، والديلمي في ((الفردوس)) (5756)، وأخرجه الطبراني (7/251) (7023) مطولاً




Тарҷума:

Касе бо мушрик ҷимоъ кард ва бо ӯ зиндаги кард, пас дар ҳақиқат мисли ӯст.



Матни ҳадис:

مَن جامعَ المشركَ وسكنَ معه فهو مثلُه.


الراوي : سمرة بن جندب | المحدث : الشوكاني | المصدر : نيل الأوطار | الصفحة أو الرقم : 8/176 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه أبو داود (2787)، والديلمي في ((الفردوس)) (5756) باختلاف يسير، وأخرجه الطبراني (7/251) (7023) مطولاً باختلاف يسير




Тарҷума:

Касе бо мушрик ҷимоъ кард ва бо ӯ зиндаги кард, пас дар ҳақиқат мисли ӯст.




Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки дар асри имрӯз бисёр чунин амали ҳаром анҷом гирифта истода аст, зеро бисёр аз мусалмонҳо дар давлатҳои мушрикин занҳои онҳоро мегиранд, сипас ҷимоъ мекунанд ва бо ҳамроҳи онҳо зиндаги карда, сипас мутобиқи ахлоқу ақидаи онҳо зиндаги ба сар мебарад.

Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) таъкид кардан, ки агар чунин кард ва яқин донад ки мисли ӯ мушрик аст
.
Ҳадиси ( 528 )




Аз Саъид ибни Мусайяб аз падараш   ( رضى الله عنهما ) ривоят, шуда аст ки дар бораи марги Абӯ Толиб баён карда аст:


Матни ҳадис:

لَمَّا حَضَرَتْ أبَا طَالِبٍ الوَفَاةُ، جَاءَهُ رَسولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ فَوَجَدَ عِنْدَهُ أبَا جَهْلٍ، وعَبْدَ اللَّهِ بنَ أبِي أُمَيَّةَ بنِ المُغِيرَةِ، فَقالَ: أيْ عَمِّ قُلْ: لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ كَلِمَةً أُحَاجُّ لكَ بهَا عِنْدَ اللَّهِ فَقالَ أبو جَهْلٍ، وعَبْدُ اللَّهِ بنُ أبِي أُمَيَّةَ: أتَرْغَبُ عن مِلَّةِ عبدِ المُطَّلِبِ؟ فَلَمْ يَزَلْ رَسولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ يَعْرِضُهَا عليه، ويُعِيدَانِهِ بتِلْكَ المَقالَةِ، حتَّى قالَ أبو طَالِبٍ آخِرَ ما كَلَّمَهُمْ: علَى مِلَّةِ عبدِ المُطَّلِبِ، وأَبَى أنْ يَقُولَ: لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ، قالَ: قالَ رَسولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ: واللَّهِ لَأَسْتَغْفِرَنَّ لكَ ما لَمْ أُنْهَ عَنْكَ فأنْزَلَ اللَّهُ: {ما كانَ للنبيِّ والذينَ آمَنُوا أنْ يَسْتَغْفِرُوا لِلْمُشْرِكِينَ} وأَنْزَلَ اللَّهُ في أبِي طَالِبٍ، فَقالَ لِرَسولِ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ: {إنَّكَ لا تَهْدِي مَن أحْبَبْتَ ولَكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَن يَشَاءُ}

الراوي : المسيب بن حزن | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري | الصفحة أو الرقم : 4772 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] | التخريج : أخرجه البخاري (4772)، ومسلم (24)



Тарҷума:

Ҳангоми ки марги Абӯ Толиб расид, Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) назди ӯ рафт ва Абӯ ҷаҳл ва АбдуЛлаҳ ибни Абӯ умайя ибни Муғира-ро дид, ки онҷо ҳастанд, пас гуфт:
Амак! Ла илоҳа илла-Ллоҳ бигӯ, ин калимаи ҳаст, ки ман назди Аллоҳ бароят гувоҳи медиҳам.
Абӯ ҷаҳл ва АбдуЛлаҳ ибни Абӯ умайя гуфтанд:
Ай Абӯ Толиб! Оё дини абдул-мутталиб-ро раҳо мекуни?
Вале расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) ин калимаро бар ӯ арза кард ва суханашро такрор мекард, то ин ки охирин сухани Абӯ Толиб ба забон овард ва гуфт:
Ман бар дини Абдул-мутталиб ҳастам ва ҳозир нашуд ба гуфтани Ла илоҳа илла-Ллоҳ, бигӯяд:
Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم) гуфт:
Қасам ба Алло, то вақте ки манъ нашудаам, бароят талаби мағфират мекунам.
Баъд аз он, Аллоҳ Таъоло ин оятро нозил кард:



Матни оят:

﴿مَا كَانَ لِلنَّبِيِّ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَن يَسۡتَغۡفِرُواْ لِلۡمُشۡرِكِينَ وَلَوۡ كَانُوٓاْ أُوْلِي قُرۡبَىٰ مِنۢ بَعۡدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمۡ أَنَّهُمۡ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ ﴾ ‏


Тарҷума:

Паёмбар ва мӯъминонро сазовор нест, ки барои мушрикон талаби мағфират кунанд, ҳар чанде ки хешу таборӣ онҳо бошанд, ҳангоми ки барои онҳо рӯшан шавад ( бо куфр ва ширк аз дунё рафтан) ва мушрикон аҳли дӯзах ҳастанд.


Сураи Тавба ояти ( 113 ).



Ин чунин Аллоҳ Таъоло хитоб ба расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) барои Абӯ Толиб нозил кард.


Матни оят:


  ﴿إِنَّكَ لَا تَهۡدِي مَنۡ أَحۡبَبۡتَ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ﴾



Тарҷума:

Ҳар касе-ро ки ту дӯст дори, ҳидоят намекуни, балки Аллоҳ ҳар касе-ро хоҳад ҳидоят мекунад.


Сураи Қасос ояти ( 56 ).



Саҳеҳ Бухори рақами ( 4772 ).( 3884 ).
Саҳеҳ Муслим рақами ( 24 ).
Ҳадиси ( 529 )



Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) ду ракъат намози фаҷр бисёр сахт муҳофизат мекард, ҳатто дар сафарашон.




Матни ҳадис:


لَمْ يَكُنِ النبيُّ صلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ علَى شيءٍ مِنَ النَّوافِلِ أشَدَّ منه تَعَاهُدًا علَى رَكْعَتَيِ الفَجْرِ.


الراوي : عائشة أم المؤمنين | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري | الصفحة أو الرقم : 1169 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] | التخريج : أخرجه أبو نعيم في ((حلية الأولياء)) (3/ 276) باختلاف يسير، ومسلم (724)، وأبو داود (1254) بنحوه


Тарҷума:


Аз Оиша модармон ( رضى الله عنها ) ривоят, шуда аст ки гуфт: Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) бар ҳеҷ яке аз намоз-ҳои нафли ба андозаи ду ракъат ( суннати ) намози фаҷр мувозибат намекард.




Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки ду ракъат намози суннати фаҷр бисёр таъкид аст, ки дунё ва ончи дар дунё аст, ноқиз мебошад дар баробари ду ракъат намози фаҷр.
Ҳадиси ( 530 )




Ҳамаи тақдироти махлуқот навишта шуда аст ва назди Аллоҳ Таъоло болои арш гузошта шуда аст.

Ин чунин раҳмати Аллоҳ Таъоло ба ғазабаш сабқат гирифта аст.



Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:


Матни ҳадис:

 لما قضى اللهُ الخلقَ ، كتب في كتابِه ، فهو عندَهُ فوقَ العرشِ : إِنَّ رحمتي غلبتْ غضَبِي

الراوي : أبو هريرة | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 5214 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه البخاري (3194) واللفظ له، ومسلم (2751)



Тарҷума:

Ҳангоми ки Аллоҳ Таъоло махлуқотро халқ кард, дар китоби назди худаш менавишт барои худаш ва назди худаш болои арш гузошта аст, чунин навишт: Дар ҳақиқат раҳмати ман ба ғазабам ғалаба пайдо мекунад.



Саҳеҳул-ҷомеъ рақами ( 5214 )




Матни ҳадис:

 إنَّ اللَّهَ كَتَبَ كِتابًا قَبْلَ أنْ يَخْلُقَ الخَلْقَ: إنَّ رَحْمَتي سَبَقَتْ غَضَبِي، فَهو مَكْتُوبٌ عِنْدَهُ فَوْقَ العَرْشِ ".

الراوي : أبو هريرة | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 7554 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه مسلم (2751) مختصراً باختلاف يسير



Тарҷума:

Дар ҳақиқат Аллоҳ Таъоло китобат кард пеш аз халқ кардани махлуқот:
Дар ҳақиқат раҳмати ман ба ғазабам сабқат гирифта аст, пас Аллоҳ Таъоло навишта шудаҳоро гузошта аст назди худаш болои арш.



Саҳеҳ Бухори рақами ( 7554 )
Саҳеҳ Муслим рақами (2751 )




Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки ин ҳадиси саҳеҳ як ҳуҷҷати бисёр қави аст барои касоне ки Аллоҳ Таъоло-ро зотан болои арш намедонанд.


Аллоҳ Таъоло аз махлукоти худ боло аст, на дар дохили махлуқот.


Аллоҳ Таъоло бо илми худ дохили махлуқот мебошад ва ҳеҷ чиз аз илми Аллоҳ Таъоло пӯшида нест.


Назди аҳли суннат ва чамоъат ин ақида аст, ки Аллоҳ Таъоло болои арш аст.
🐳21
Ҳадиси ( 531 )




Аллоҳ Таъоло бисёр меҳрубон аст ва ҳеҷ сабр кунанда мисли Аллоҳ Таъоло нест, ки дар баробари азият додани ӯ, бо сабр бошад.



Барои Аллоҳ Таъоло шарик қарор медиҳанд ва куфр меварзанд, сипас Аллоҳ Таъоло барои онҳо ризқу рӯзӣ медиҳад ва офият мебахшад.


Матни ҳадис:


لا أحَدَ أصْبَرُ علَى أذًى يَسْمَعُهُ مِنَ اللهِ عزَّ وجلَّ، إنَّه يُشْرَكُ به، ويُجْعَلُ له الوَلَدُ، ثُمَّ هو يُعافيهم ويَرْزُقُهُمْ. 7183- [...] حَدَّثَنا مُحَمَّدُ بنُ عبدِ اللهِ بنِ نُمَيْرٍ، وأَبُو سَعِيدٍ الأشَجُّ، قالا: حَدَّثَنا وكِيعٌ، حَدَّثَنا الأعْمَشُ، حَدَّثَنا سَعِيدُ بنُ جُبَيْرٍ، عن أبِي عبدِ الرَّحْمَنِ السُّلَمِيِّ، عن أبِي مُوسَى، عَنِ النبيِّ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلَّمَ بمِثْلِهِ، إلَّا قَوْلَهُ ويُجْعَلُ له الوَلَدُ فإنَّه لَمْ يَذْكُرْهُ.


الراوي : أبو موسى الأشعري | المحدث : مسلم | المصدر : صحيح مسلم | الصفحة أو الرقم : 2804 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح] | التخريج : أخرجه البخاري (7378) باختلاف يسير



Тарҷума:

Аз Абӯ Мусои Ашъари ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Ҳеҷ кас нест дар баробари азият шунидан бо сабртар аз Аллоҳ Таъоло, мардум иддаъо мекунанд, ки Аллоҳ фарзанд дорад, вале ӯ ба онон офият ( тандурусти ) ва ризқу рӯзӣ медиҳад
.


Саҳеҳ Муслим рақами ( 2804 )

Саҳеҳ Бухори рақами ( 7378 )




Матни ҳадис:


ليسَ أحَدٌ -أوْ ليسَ شَيءٌ- أصْبَرَ علَى أذًى سَمِعَهُ مِنَ اللَّهِ؛ إنَّهُمْ لَيَدْعُونَ له ولَدًا، وإنَّه لَيُعافيهم ويَرْزُقُهُمْ!


الراوي : أبو موسى الأشعري | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 6099 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه البخاري (6099)، ومسلم (2804)


Тарҷума:

Аз Абӯ Мусои Ашъари ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Ҳеҷ кас нест дар баробари азият шунидан бо сабртар аз Аллоҳ Таъоло, мардум иддаъо мекунанд, ки Аллоҳ фарзанд дорад, вале ӯ ба онон офият ( тандурусти ) ва ризқу рӯзӣ медиҳад
.



Саҳеҳ Бухори рақами ( 6099 )
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳу бародарони азиз!

Умедворам ки хуб ҳастед?


Куҷо ҳастанд дӯстдорони расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) ки дар асри фасод суннатро зинда гардонанд?


Бародарони азиз!


Канали моро ба дӯстони худ ирсол кунед, то суннати расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) зинда шавад.


Ай мунофиқон!

Ҳаргиз ба зидди суннати расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) мухолифат накунед, зеро рузе ояд, ки пушаймон хоҳед шуд ва бар шумо аз азоби Аллоҳ Таъоло наҷот диҳандаи ёфт нахоҳад шуд.


Бародарони муваҳид!

Танҳо бидуни тарсу ҳарос суннати расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم )-ро зинда гардонед ва муттаҳид шавед, зеро зинда кунандагони суннати расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) баланд мартаба ҳастанд.
🍓32💯1
Ҳадиси ( 532 )



Агар кадом ҳокими мусалмонҳо бо тариқи иҷтиҳоди дуруст ҳукм кард, ду савоб мегирад, аммо вақте ки ҳоким дар иҷтиҳодаш хато кард, пас як савоб мегирад.


Матни ҳадис:


إذا حَكَمَ الحاكِمُ فاجْتَهَدَ ثُمَّ أصابَ فَلَهُ أجْرانِ، وإذا حَكَمَ فاجْتَهَدَ ثُمَّ أخْطَأَ فَلَهُ أجْرٌ

الراوي : عمرو بن العاص | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 7352 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]



Тарҷума:


Аз Амр ибни Ос ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки гуфт:
Ман шунидам ки расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:


Агар ҳоким иҷтиҳод кунад ва ҳукме-ро содир кард, ки дуруст аст, ду савоб мегирад.
Агар иҷтиҳод кард ва ҳукме-ро содир кард, вале дар он, ( ҳукм ) хато кард, пас як савоб мегирад.


Саҳеҳ Бухори рақами ( 7352 )




Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки ҳукми адолат баровардан байни тарафайн аз ҷониби ҳоким ё қози шарт аст.

Иҷтиҳод кардан барои онҳо аз сабаби расидани илми ҳақ барояшон ва содир кардани ҳукм савоб дода мешавад.
Ҳадиси ( 533 )



Орзуи марг кардан ҷоиз нест, расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) манъ карданд.


Матни ҳадис:


- لا يَتَمَنَّى أحدُكم الموتَ ، إمَّا مُحْسِنًا ، فلَعَلَّه يَزدادُ ، وإمَّا مُسِيئًا فلَعَلَّه يَسْتَعْتِبُ


الراوي : أبو هريرة | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 7610 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه البخاري (7235)



Тарҷума:


Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:


Ҳеҷ яке аз шумо орзуи марг накунад, зеро ё шахси некӯкор аст, ки агар зинда монад, шояд ба некиҳояш изофа кунад ва ё шахси бадкирдор аст, ки агар зинда бимонад шояд тавба кунад.




Саҳеҳул-ҷомеъ рақами ( 7610)
Саҳеҳ Бухори рақами ( 7235 )




Матни ҳадис:


 لَنْ يُدْخِلَ أحَدًا عَمَلُهُ الجَنَّةَ. قالوا: ولا أنْتَ يا رَسولَ اللَّهِ؟ قالَ: لا، ولا أنا، إلَّا أنْ يَتَغَمَّدَنِي اللَّهُ بفَضْلٍ ورَحْمَةٍ، فَسَدِّدُوا وقارِبُوا، ولا يَتَمَنَّيَنَّ أحَدُكُمُ المَوْتَ: إمَّا مُحْسِنًا، فَلَعَلَّهُ أنْ يَزْدادَ خَيْرًا، وإمَّا مُسِيئًا، فَلَعَلَّهُ أنْ يَسْتَعْتِبَ.


الراوي : أبو هريرة | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 5673 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه البخاري (5673)، ومسلم (2816)



Тарҷума:


Аз Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:


Ҳеҷ касеро амалаш вориди ҷаннат намекунад
Саҳоба гуфтанд:
Ай расули Аллоҳ! ( صلى الله عليه وسلم ) ҳатто шуморо?

Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:
Не, ҳатто маро ҳам ( вориди ҷаннат намекунад).
Магар ин ки фазл ва раҳмати Аллоҳ шомили ҳолам шавад, пас роҳи рост бидуни ифрот ва тафрит-ро пеш гиред ва миёна рави кунед.


Ҳеҷ яке аз шумо орзуи марг накунад, зеро ё шахси некӯкор аст, ки агар зинда монад, шояд ба некиҳояш изофа кунад ва ё шахси бадкирдор аст, ки агар зинда бимонад шояд тавба кунад.




Саҳеҳ Бухори рақами ( 5673)
Саҳеҳ Муслим рақами ( 2816 )
1👍1
Ҳадиси ( 534 )



Мӯъминон дар байни ҳамдигар барои дусти ва меҳрубони, мисли як бадан бошанд, зеро агар як аъзои бадан бемор бошад ва боқимондаи бадан ҳам бемор мешавад.


Матни ҳадис:


تَرَى المُؤْمِنِينَ في تَراحُمِهِمْ وتَوادِّهِمْ وتَعاطُفِهِمْ، كَمَثَلِ الجَسَدِ، إذا اشْتَكَى عُضْوًا تَداعَى له سائِرُ جَسَدِهِ بالسَّهَرِ والحُمَّى.

الراوي : النعمان بن بشير | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 6011 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]


Тарҷума:

Аз Нӯъмон ибни Башир ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Мӯъминон дар шафқат ва дӯстию меҳрубони бо якдигар мисли як бадан ҳастанд, ки агар узве аз он бадан дард кунад, дигар узвҳо беқарор мегарданд ва тасб мекунад.



Матни ҳадис:


مثلُ المؤمنين في تَوادِّهم ، وتَرَاحُمِهِم ، وتعاطُفِهِمْ . مثلُ الجسَدِ إذا اشتكَى منْهُ عضوٌ تدَاعَى لَهُ سائِرُ الجسَدِ بالسَّهَرِ والْحُمَّى

الراوي : النعمان بن بشير | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الجامع | الصفحة أو الرقم : 5849 | خلاصة حكم المحدث : صحيح | التخريج : أخرجه البخاري (6011)، ومسلم (2586) واللفظ له



Тарҷума:

Аз Нӯъмон ибни Башир ( رضى الله عنه ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:
Мӯъминон дар шафқат ва дӯстию меҳрубони бо якдигар мисли як бадан ҳастанд, ки агар узве аз он бадан дард кунад, дигар узвҳо беқарор мегарданд ва тасб мекунад.




Дар ҳақиқат, тарбияи Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) барои уммат хело муҳим буда аст, аз ин сабаб ки мӯъминон дар байни якдигар мисли як бадан ҳастанд, ки дар баробари якдигар меҳрубони ва дӯсти ҳамон гуна бошад, ки агар узве як бадан дард кунад ва дигар узвҳо ҳам шикоят мекунанд.

Дар ҷомеъа ин гуна будани мусалмонҳо ҳатми аст, ки аз дарди дигар мусалмонҳо бохабар бошанд, дар ҳоле ки агар онҳо бо ҳамдигар дӯсту меҳрубон бошанд.
Ҳадиси ( 535 )



Ҳар касе ин зикр-ро бо забонаш мегӯяд ва бо қалбаш тасдиқ мекунад ва ба талаботи он ҷавобгӯй аст, Аллоҳ Таъоло бандаги ӯро қабул мекунад.


Ин чунин ҳангоми бемор будан ин зикр-ро бигӯед, зеро агар вафот кардед, албатта бо изни Аллоҳ Таъоло дохили оташи дӯзах нахоҳед шуд.


Матни ҳадис:

من قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ واللَّهُ أكبرُ صدَّقهُ ربُّهُ فقالَ لا إلهَ إلَّا أنا وأنا أكبرُ وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ قالَ يقولُ لا إلهَ إلَّا أنا وحدي وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ لا شريكَ لهُ يقول لا إلهَ إلَّا أنا وحدي لا شريكَ لي وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ لهُ الملكُ ولهُ الحمدُ قالَ لا إلهَ إلَّا أنا ليَ الملكُ وليَ الحمدُ وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا باللَّهِ قالَ لا إلهَ إلَّا أنا ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا بي وكانَ يقولُ من قالَها في مرضِهِ ثمَّ ماتَ لم تطعمْهُ النَّارُ


الراوي : أبو سعيد الخدري وأبو هريرة | المحدث : ابن حجر العسقلاني | المصدر : هداية الرواة | الصفحة أو الرقم : 2/436 | خلاصة حكم المحدث : [حسن كما قال في المقدمة]



Тарҷума:

Аз Абӯ Саъиди Худри ва Абӯ Ҳурайра ( رضى الله عنهما ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Касе гӯяд:

من قالَ

لا إلهَ إلَّا اللَّهُ واللَّهُ أكبرُ

صدَّقهُ ربُّهُ فقالَ

( Тасдиқ кард ӯро парвардигораш)
Пас Аллоҳ Таъоло гуфт:

لا إلهَ إلَّا أنا وأنا أكبرُ


Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:

Ҳангоми ки гӯяд:

وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ


Аллоҳ Таъоло мегӯяд:


قالَ يقولُ لا إلهَ إلَّا أنا وحدي


Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:

Ҳангоми ки гӯяд:

وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ لا شريكَ لهُ

( Аллоҳ Таъоло мегӯяд:)


يقول لا إلهَ إلَّا أنا وحدي لا شريكَ لي


Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:

Ҳангоми гӯяд:

وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ لهُ الملكُ ولهُ الحمدُ


( Аллоҳ Таъоло мегӯяд:

قالَ لا إلهَ إلَّا أنا ليَ الملكُ وليَ الحمدُ


Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) гуфт:
Ҳангоми ки гӯяд:

وإذا قالَ لا إلهَ إلَّا اللَّهُ ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا باللَّهِ


( Аллоҳ Таъоло мегӯяд)

قالَ لا إلهَ إلَّا أنا ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا بي.


Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Касе ҳангоми ки мариз бошад ва гӯяд, сипас вафот кард, таъм намекунад ӯро оташи дӯзах.



Матни ҳадис:


مَن قالَ : لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ واللَّهُ أَكْبرُ ، صدَّقَهُ ربُّهُ ، وقالَ : لا إلَهَ إلَّا أَنا ، وأَنا أَكْبَرُ ، وإذا قالَ : لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ قالَ : يقولُ اللَّهُ : لا إلَهَ إلَّا أَنا وحدي ، وإذا قالَ : لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ وحدَهُ لا شريكَ لَهُ ، قالَ اللَّهُ : لا إلَهَ إلَّا أَنا وَحدي لا شَريكَ لي ، وإذا قالَ : لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ لَهُ الملكُ ولَهُ الحمدُ ، قالَ اللَّهُ : لا إلَهَ إلَّا أَنا ، ليَ الملكُ وليَ الحمدُ ، وإذا قالَ : لا إلَهَ إلَّا اللَّهُ ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا باللَّهِ ، قالَ اللَّهُ : لا إلَهَ إلَّا أَنا ، ولا حولَ ولا قوَّةَ إلَّا بي ، وَكانَ يقولُ : مَن قالَها في مرضِهِ ثمَّ ماتَ لم تَطعمهُ النَّارُ


الراوي : أبو سعيد الخدري وأبو هريرة | المحدث : الألباني | المصدر : صحيح الترمذي
الصفحة أو الرقم: 3430 | خلاصة حكم المحدث : صحيح



Тирмизи рақами ( 3430 )
1
Ҳадиси ( 536 )



Ҳар касе ки бо зарфҳои нуқрагин об менӯшад, бидонад ки аз оташи дӯзах дар ботини худ рехта аст.



Бо зарфҳои нуқрагин об нӯшидан ҳаром аст.



Матни ҳадис:

الَّذِي يَشْرَبُ في إناءِ الفِضَّةِ إنَّما يُجَرْجِرُ في بَطْنِهِ نارَ جَهَنَّمَ.

الراوي : أم سلمة أم المؤمنين | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 5634 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه البخاري (5634)، ومسلم (2065)




Тарҷума:


Аз умми Салама модари муъминон ( رضى الله عنها ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Ҳар касе ки дар зарфи нуқраги об бинӯшад, дар ҳақиқат оташи дузахро дар шикамаш мерезад.



Саҳеҳ Бухори рақами ( 5634 )
Саҳеҳ Муслим рақами ( 2065)




Матни ҳадис:


إنَّ الَّذي يشرَبُ في إناءِ الفضَّةِ فإنَّما يُجرجِرُ في بطنِه نارَ جهنَّمَ


الراوي : أم سلمة | المحدث : ابن حبان | المصدر : صحيح ابن حبان | الصفحة أو الرقم : 5341 | خلاصة حكم المحدث : أخرجه في صحيحه | التخريج : أخرجه البخاري (5634)، ومسلم (2065) باختلاف يسير




Тарҷума:


Аз умми Салама модари муъминон ( رضى الله عنها ) ривоят, шуда аст ки Расули Аллоҳ ( صلى الله عليه وسلم ) фармуданд:

Ҳар касе ки дар зарфи нуқраги об бинӯшад, пас гӯё оташи дузахро дар шикамаш мерезад.



Ибни Ҳиббон рақами ( 5341)




Албатта дуруст фаҳм карда шавад, ки бисёриҳо аз сабаби лаззат бурдани чизҳои ноқизи дунё истифода мебаранд ва ифтихор мекунанд, аммо чунин амал кардан бисёр ҳасрат дорад дар рӯзи қиёмат.


Набояд амри дин паси чизҳои ноқизи дунё монад, зеро ҳар амри дин бояд муқаддам бошад ба чизҳои дунё.

Аз ин сабаб, бояд бидонем ки дар зарфҳои нуқрагин об нӯшидан ва ифтихор кардан ҳаром аст, зеро нофармони Аллоҳ Таъоло ва расулаш мегардад.