🟡 Низоми лағви раводид байни Тоҷикистону Эрон
🔴 Байни Тоҷикистону Эрон низоми бераводид ҷорӣ мешавад.
🔸Аз рӯзи 10-уми августи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки дорои шиносномаи оддӣ ҳастанд, метавонанд бидуни дарёфти раводид (виза) ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.
🔹Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввал низоми бидуни раводид танҳо барои афроде, ки аз хатсайри Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мекунанд, ҷорӣ мешавад.

🟡🇮🇷Эрон: То ҳол касеро дар пайи қатли Исмоил Ҳания боздошт накардем
📝 Мақомоти Эрон эълом карданд, ки таҳқиқоти парвандаи қатли Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии ҲАМОС-ро оғоз кардаанд.
👔 Сухангӯи Додгоҳи олии Эрон Асғар Ҷаҳонгир зимни нишасти матбуотӣ рӯзи сешанбе, 6-уми август ба хабарнигорон гуфт, баъд аз ҳодисаи террори Исмоил Ҳания билофосила парванда оғоз шуда, таҳқиқот идома дорад. Ӯ гуфт, ба маҳзи поён ёфтани таҳқиқот ба расонаҳо ва ҷомеа иттилоъ хоҳанд дод.
🎤 Ин мақомдори эронӣ овозаҳо дар мавриди боздошт ва бозпурсии беш аз 20 нафарро вобаста ба парвандаи қатли Исмоил Ҳания рад карда гуфт, "То имрӯз дар робита бо ин парванда дастгирӣ сурат нагирифтааст ва шоиоти мунташиршуда дар хусуси дастгирии теъдоде аз афрод дар ин робита дурӯғ аст."

🟡Зеленский: Замони сулҳ бо Русия ва поён додани ҷанг фаро расидааст
🔹Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, ки талош дорад дар соли ҷорӣ заминаи воқеӣ барои поён додани ҷангро бо Руися фароҳам кунад.
🔸Қаблан бархе аз генералҳо ва фармондеҳони баландмақоми Қувваҳои мусаллаҳи Русия, гуфта буданд, ки эҳтимол меравад ҷанги Русия бо Украина то охири соли 2024 хотима меёбад.
🗓 Дар ин баробар раисҷумҳури Русия Владимир Путин низ дар як суханроние гуфта буд, ки агар Амрико даст аз кумакҳои таслиҳотии Украина бардорад, ҷанг давоми ду то се моҳ ба охир мерасад, аммо баъдтар дар мавриди шарти сулҳ бо Украина гуфт, ки ин кишвар ҳаддиақал бояд аз 4 вилояташ, аз ҷумла Данетск ва Луганск даст бикашад.